sebiston july new
КОРОНАВИРУС САБАБИ БУҲРОНИ ИҚТИСОДӢ ДАР ҶАҲОН ГАШТ
1128


Дар доираи барномаи аксуламали ҷаҳонии “Team Europe” Комиссияи Аврупо баҳри таҳкими низом дар соҳаи тиб, маориф ва иҷтимоиёт барои Тоҷикистон ба миқдори 112,2 миллион евро маблағ ҷудо мекунад ва дар роҳи мубориза бо коронавирус ба Тоҷикистон кӯмак мерасонад,-иттилоъ медиҳад хабарнигори “Оила.тҷ” Наврӯзмоҳ Вазирбекова дар истинод ба хадамоти матбуотии Комиссияи Аврупо.

“Пандемияи короновирус то ҳол ба мо, шарикони мо, аҳолии мо ва иқтисоди мо таъсир расонда истодааст. Баҳри дастгирии Тоҷикистон дар вокуниш ба коронавирус ва бартараф намудани мушкилоти соҳаи тандурустӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ Иттиҳоди Аврупо дар ҳаҷми 112,2 миллион евро маблағ ҷудо намояд. Ин имкон медиҳад, ҳатто дар давраи буҳрон ҷавонони тоҷик ба таҳсилоти босифат ва имконияти беҳтари бо кор таъмин шудан дастрасӣ пайдо намоянд.”,- шарҳ дод Ютта Уприлайнен.

Дар умум кӯмаки мазкур аз се қисмати барномаи ба ҳам алоқаманд иборат аст: Барномаи рушди тандурустӣ (52,2 миллион евро), Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат II (50 миллион евро), Барномаи дастгирии ислоҳоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (10 миллион евро). Ду барномаи аввал дорои унсурҳо мебошанд (ба маблағи умумии 46,2 миллион евро), ки бевосита вокуниши фаврӣ ба пандемияро дастгирӣ мекунанд ва инчунин талошҳоро барои сабук кардани таъсири манфии иҷтимоию иқтисодии он тақвият медиҳанд. (ҷумлаи охир аз саҳифаи АМИТ “Ховар”) тарҷума шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД