Oila Navruz
КОРОНАВИРУС: РӮЗ БА РӮЗ
2867

Коронавирус-вабое, ки беш аз як сол одамизодро азият дода, ҷони садҳо сокинони сайёраи заминро рабудааст.

Тӯли як соле, ки пандемияи коронавирус идома дорад, мардум оҳиста-оҳиста ба ин бемории ҳамагир одат карданд ва дигар мисли пешин аз Ковид-19 наметарсанд, зеро тайи ин муддат олимон ин бемориро ҳамаҷониба омӯхта, усулҳои гуногуни мубориза бо касалӣ ва воксинаҳои зидди коронавирусро кашф намуданд. Акнун баъзеҳо ба ковид гирифтор шуданашонро ҳатто пай набурда, ин бемориро пушти сар менамоянд, вале ноовобаста ба дастовардҳои илми тиб дар мубориза бо коронавирус ин маризиро ҳамчун як касалии сабук қабул кардан чандон оқилона нест. Барои он ки коронавирус шуморо ғофилгир накунад, бояд хислати беморӣ, нишонаҳои Ковид-19 ва дар кадом ҳолат ба табибон муроҷиат намуданро бидонед.

Таб надоштан нишонаи солимӣ нест

Коронавируси навъи COVID-19 дар ниқобҳои гуногун зуҳур менамояд. Он метавонад бе табби баланд ва сулфа, дар шакли хеле сабук, бидуни нишона гузарад ва баръакс, ҳолати беморро хеле вазнин гардонида, боиси гирифтор шудан ба пневмония ва душвор гаштани нафасгирӣ гашта, оқибатҳои нохушро ба бор оварад ва ҳатто маризро то сарҳади марг бирасонад. Аз ҳамин хотир, бо мушоҳида намудани нишонаҳои аввалини беморӣ ҳатман ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. Табиб ҳолати шуморо омӯхта, вобаста ба вазъи саломатиатон табобат мефармояд. Ба шакли сабуки Ковид-19 гирифтор гашта бошед, метавонед дар хона табобат бигиред, вале табиб нишонаҳои вазнинро дар вуҷудатон мушоҳида намояд, барои бистарӣ шудан дар бемористон роҳхат медиҳад. Маслиҳати мо ҳамин аст, ки дар сурати “дар беморхона хобиданатон лозим аст” гуфтани духтур саркашӣ накунед, зеро бо коронавирус бозӣ карда намешавад. Ин беморӣ метавонад ҳолати беморро рӯз ба рӯз ва соат ба соат дигаргун созад.

Давраҳои беморӣ

Шумо аз Ковид-19 дар хона табобат мегирифта бошед, аҳамият диҳед, ки рӯз то рӯз дар саломатиатон чӣ тағйиротҳо ба вуҷуд меоянд.

Рӯзҳои 1-3

Маъмулан дар рӯзҳои аввал кас худро беҳол эҳсос намуда, мушакҳои дасту пояш дард мекунанд. Бинӣ маҳкам ва табби мариз каме баланд мешавад. Дар ин давра бисёр ҳушёр ва бодиққат будан лозим аст, чунки нишонаҳои аввалини коронавирус ба зуком монандӣ доранд ва кас метавонад фирефта гардад, ки ин як гриппи оддӣ буда, ба зудӣ мегузарад.

Рӯзҳои 3-5

Табби бемор аз пештара баландтар шуда, сулфаи хушк пайдо мешавад. Мариз ба дарунрав гирифтор шуда, маззаи таом ва бӯйро эҳсос намекунад.

Рӯзҳои 5-10

Давраи аз ҳама вазнини беморӣ ба ҳисоб рафта, тақдири ояндаи мариз аз ҳамин давра вобастагӣ дорад. Агар бемор ба шакли сабуки Ковид-19 гирифтор гашта бошад, дар ин давра саломатиаш рӯ ба беҳбудӣ мениҳад, вале маризоне, ки ба шакли вазнини коронавирус гирифтор шудаанд, ҳолаташон хеле вазнин мешавад. Сулфа маризро на рӯз ва на шаб ором намегузорад. Устухонҳои бемор ба дард даромада, ба назараш чунин менамояд, ки тамоми аъзои баданаш шикаставу абгор аст. Табби мариз ҳатто баъди хӯрдани доруҳои пасткунандаи ҳарорати бадан низ намефарояд ва нафаскашиаш душвор мегардад.

Рӯзҳои 10-12

Дар қафаси сина дарди шадид пайдо шуда, тахтапушти мариз ба сӯзиш медарояд. Нафаскашӣ торафт душвортар шудан мегирад ва бемор худро бениҳоят заиф ва беҳолу бемадор эҳсос мекунад. Пайдо шудани ин нишонаҳо аз иллат гирифтани шуш ва саршавии бемории пневмония дарак медиҳад. Дар ин ҳолат ҳатман духтури оилавиро даъват кунед ё ба “Ёрии таъҷилӣ” занг занед, чунки табобати мариз дар хона дигар имкон надорад. Барои мубориза бо Ковид-19 бемор акнун ба нигоҳубини махсус ниёз пайдо мекунад.

Рӯзҳои 12-14

Маъмулан ҳолати аксари маризоне, ки ба Ковид-19 гирифтор ҳастанд, дар рӯзҳои 12-14 хеле беҳтар шуда, шифо меёбанд, вале бемороне, ки ба шакли вазнини коронавирус гирифторанд, маҳз дар ҳамин давра бештар ба дастгоҳи нафаскашии сунъӣ пайваст карда мешаванд.

Рӯзҳои 15-30

Шахсоне, ки ба шакли вазнини Ковид-19 ва пневмонияи шадид гирифтор шудаанд, ҳатто баъди 14 рӯз низ ҳанӯз камқувватӣ ва мушкилоти нафастангиро эҳсос менамоянд ва маъмулан рангу рӯяшон парида ба назар мерасад, вале новобаста ба нишонаҳои мазкур баъди рӯзи 14-ум ҷараёни шифоёбӣ бо суръат идома ёфта, дар бадали 30 рӯз ҳолаташон комилан хуб мешавад, аммо...

3 моҳ худро эҳтиёт кунед!

Ёдрас мешавем, ки ҳатто баъди пурра шифо ёфтан низ маризоне, ки коронавирусро аз сар гузаронидаанд, мушкилоти нафастангиро эҳсос намуда, худро беҳолу бемадор ҳис мекунанд. Аз ҳамин хотир, шахсоне ки аз Ковид-19 шифо ёфтаанд, бояд нисбати саломатии худ бепарвоӣ зоҳир накарда, то се моҳ худро эҳтиёт намоянд.

Пурра барқарор шудани саломатии мариз аз системаи муҳофизатии организм вобаста дорад, агар иммунитетатон пурқувват бошад, ба зудӣ ба худ меоед, дар акси ҳол бо ин беморӣ мӯҳлати тӯлонӣ мубориза бурдан лозим меояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД