formula
КОРОНАВИРУС: НИШОНА НАДОШТАН МАЪНОИ БЕМОР НАБУДАН АСТ Ё?
1437

Рӯзи 9-уми май дар саросари ҷаҳон хабари хуше паҳн шуд, ки гӯё роҳбари техникии СУТ оид ба мубориза бо коронавирус ва роҳбари шӯъбаи бемориҳои нав ва зоонози ин созмон Мария Ван Керкхове ҳангоми брифинг бо намояндагони ВАО дар Женева изҳор дошта бошад, ки “дар дасти мо ҳисобот аз якчанд кишвар дар хусуси санҷиши дақиқи вирус ҳаст. Онҳо ҳолатҳои бенишонагии коронавирусро санҷида истодаанд. Инчунин, робитаи шахсоне, ки нишонаҳои сироятёбиро надоранд ва бо дигарон дар алоқаа ҳастанд, зери назорат гирифта шудааст. Хушбахтона, то ҳол ҳолати дубора сироят шуданро кашф накардаанд. Мо ҳамеша ин маълумотҳоро меомӯзем ва кӯшиш менамоем, ки аз давлатҳо иттилооти зиёд дастрас намоем, то ба ин савол посухи дақиқ ёбем... Каманд ҳолатҳое, ки шахси нишонаи сироятёбӣ надошта, дигаронро бо коронавирус сироят кунад ”.

Табиист, ки ин хабарро сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ бе таҳлили дақиқ нашр карданд. Аммо чун ананъа вақте хабар аз даҳон ба даҳон рафт, қолабаш дигар мешавад. Ҳатто чунон маънидод мегардад, ки мазмунаш тамоман хароб мешавад. Аз ҷумла, равоншиноси рус Марина Линдхолм ба хабар ҷома пӯшонида, онро чунин шарҳ додаааст: “Рӯзи душанбе СУТ иқрор шуд. Одамоне, ки аломати бемориро надоранд, сирояткунанда нестанд”.

Аён аст, ки суханони фарзиявии Ван Керкхове “каманд ҳолатҳое” ва “кӯшиш менамоем иттилооти зиёдро дастрас намоем” ба баҳси беқадр шудани карантин ва безарар будани нафарони нишонаи вируснадошта табдил ёфт. Тибқи санҷишҳо хабар хислати беасос гирифта, дурӯғ ҳисобида мешавад.

Ҳақиқатан ҳам, рӯзи душанбе намояндаи СУТ Мария Ван Керкхове дар атрофи масъалаи ҳолати бенишонаи вирус дар такя ба якчанд ҳисобот сухан ронд. Бо вуҷуди ин, чанд қисмати изҳороти ӯ ҳаммаъно нестанд, ки нишонаи дурӯғ будани гуфтаҳои ӯ мебошанд.

Дар изҳороти ӯ сухан атрофи фактҳое, ки дар рафти таҳқиқоти илмӣ тасдиқ шудаанд ва аз ҷониби олимон исбот гардидаанд, нарафт. Ғайр аз ин, изҳорот дар натиҷаи саволҳои зиёди рӯзноманигорон дода шуд, ки ба санҷишҳои ҳозираи эпидемикӣ тамоман рабт надорад.

Агар дар бораи изҳороти рӯзи 9 июн додаи Мария Ван Керкхове дар доираҳои калонтар ҳарф занем, пас ӯ дар ин маврид гуфта буд: “вирус аз одам ба одам ба воситаи қатраи ҳавоӣ мегузарад. Агар мо имконияти назорат кардани ҳамаи ҳолатҳои нишонадори ҷараёни паҳншавии вирусро медоштем, ин ҳолатҳоро ҷудо нигоҳ мекардем, робитаро зери назорат мегирифтем ва онҳоро дар карантин нигоҳ медоштем. Он гоҳ зуд ҳолати паҳншавиро кам мекардем”. Аммо дар брифинги навбатӣ, яъне як рӯз пас аз изҳороти қаблӣ, Ван Керкхове тамоман назари дигар дода, гуфтаҳои пешинаи худашро рад кард.

Ӯ изҳор намуд, ки дар масъалаи паҳншавӣ маълумоти дақиқи тиббӣ нест. “Он маълумотҳое, ки ҳастанд, аллакай пешниҳод шудаанд ва иттиҳодияҳои тиббӣ барои ошкор намудани маълумотҳои бештар дар ин бора кӯшиш доранд. Маълумот бештар дар он бора ҳаст, ки паҳншавии беморӣ тариқи қатраи ҳавоӣ аз одамоне, ки нишонаи беморӣ доранд, ба каси дигар мегузарад, аммо ҳаст популятсие, ки дар онҳо беморӣ инкишоф намеёбад”.

Инчунин, хонум Мария шарҳ дод, ки бинобар баҳои гуногун аз 6% то 41% - и сироятшудагон нишонаҳои бемориро надоранд. “Мо дақиқ медонем, ки одамони дорандаи вируси беаломат ҳам ҳастанд. Агар ба таври дигар гӯем, онҳо гирифтори беморианд, нишонаҳои вирус дар баданашон нест, вале метавонанд вирусро дертар паҳн кунанд. Мо бояд донем, ки дар байни аҳолӣ чанд нафар нишонаҳои бемориро доранд ва бемориро паҳн карда истодаанд”.

Ба гуфти Мария Ван Керкхове изҳороте, ки ӯ рӯзи 9 май дод, дар асоси 2 – 3 таҳқиқ дар бораи санҷиши ҳолатҳои бенишонаи беморӣ ва робитаи онҳо бо атрофиён буданд. Ин миқдор таҳқиқот барои хулосаи мукаммал ва қатъӣ баровардан кофӣ нест ва ҳатто нашр ҳам нашуда буданд.

“Дар нишасти матбуотӣ ба савол ҷавоб додам, ин баёнот ба сиёсати СУТ дахл надорад. Ман фақат дар бораи он чизе, ки ба мо маълум аст, гап задам. Ин маънои онро надошт, ки паҳншавии вирус аз ҷониби беморони нишонаи вируснадошта руй медиҳад”, - изҳор намудааст намояндаи СУТ Ван Керкхове.

 

P.S: Матни мазкур дар асоси маводи сомонаи factcheck.kz. таҳия шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД