shoh palace
КОРОНАВИРУС: КАЙ МО БА ҲАЁТИ МУҚАРРАРӢ БАРМЕГАРДЕМ?
1433

Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 3 август ҳушдор дод, ки бо вуҷуди умедвориҳои зиёд ба кашфи ваксинаи зиддивирусӣ мумкин аст ҳеҷ гоҳ ягон дармони бемории КОВИД - 19 пайдо нашавад ва ҷараёни баргаштан ба зиндагии оддӣ дурудароз бошад.

Тедрос Гебрейесус - роҳбари СУТ ва Майкл Райан - намояндаи ин созмон аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон хостаанд чораҳои гигиению санитарӣ, ба мисли пӯшидани ниқоби тиббӣ, шустушӯи пайвастаи дастон, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва тестро ба таври қатъӣ иҷро кунанд.

Ҷаноби Гебрейесус дар як нишасти хабарӣ дар дафтари марказии Созмон дар шаҳри Женева гуфт, "паём ба ҳукуматҳо ва мардум комилан равшан аст. Бояд ҳамаи ин чораҳоро амалӣ кунем". Ӯ гуфт, ки пӯшидани ниқоби тиббӣ бояд ба як рамзи ягона дар саросари ҷаҳон табдил ёбад.

Роҳбари Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ қайд кард, ки "аксари ваксинаҳои таҷрибавӣ ба давраи санҷишӣ расиданд. Мо умедворем, ки чанд ваксина барои пешгирӣ аз гирифторӣ ба вирус шояд ихтироъ шавад. Вале дар ҳоли ҳозир ҳеҷ доруи аниқ барои табобати ин беморӣ вуҷуд надорад ва мумкин аст ҳеҷ гоҳ чунин дору сохта нашавад".

Доктор Майкл Райян, намояндаи СУТ ҳам гуфт, кишварҳое монанди Бразилия ва Ҳиндустон, ки шумораи зиёди гирифторон ба ин бемориро доранд, бояд худро барои як муборизаи дарозмуддат омода кунанд. Ӯ гуфт, "роҳи берун рафтан аз ин вазъият давомдор аст ва ба кӯшишҳои зиёд ниёз доранд".

СУТ гуфт, ки ҳайати тафтишотии ин созмон, ки барои баррасии паҳншавии вирус ба Чин сафар кард, ҳанӯз аз ин кишвар барнагаштааст. Қарор аст як ҳайати илмии калони дигар, иборат аз пажӯҳишгарони чинӣ ва байналмилалӣ бо раҳбарии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар моҳҳои оянда паҳншавии ибтидоии ин беморӣ дар шаҳри Вуханро баррасӣ кунад.

Қаблан, рӯзи 19 март мақомоти Чин доруи таъсирбахш барои табобати коронавирусро муаррифӣ намуда буданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «The Guardian» хабар додааст. Чжан Синмин намояндаи Вазорати илм ва технологияи Чин изҳор дошт, дору бар зидди штаммҳои нави зуком бо номи «Фавипиравир» (ҳамчунин чун «Авиган» низ маъруф аст), ки аз ҷониби ширкати японии «Fujifilm Toyama Chemical» истеҳсол шудааст, самарабахшии худро дар табобати коронавирус нишон дод.

Ташхиси бемороне, ки ҳамон шабу рӯз «Фавипиравир» - ро истеъмол карда буданд, пас аз чор рӯз манфӣ баромад. Шаҳрвандоне, ки ин доруро истеъмол накарда буданд, ба ҳисоби миёна дар 11 рӯз табобат ёфтанд. Як манбаъ дар Вазорати тандурустии Япония гуфтааст, ки ин дору ба табобати одамони дорои нишонаҳои шадид чандон таъсирбахш нест.

Ҳамзамон, рӯзи 11 июн расонаҳои хабарӣ иттило ъдода буданд, ки Бунёди мустақими сармоягузории Русия (RDIF) ва гурӯҳи ширкатҳои ChemRar аввалин партияи дору алайҳи автравирон-коронавирусро ба беморхонаҳои Русия интиқол доданд

Доруворӣ ба клиникаҳои Москва, Ленинград, Новгород, Киров, Нижний Новгород, Ҷумҳурии Тотористон ва Екатеринбург расонида шуд. То охири моҳ 60 ҳазор курсҳои Авифавира ба беморхонаҳо расонда шудаанд.  Ҳамон вақт гуфта шуда буд, ки агар зарур бошад, истеҳсоли дору метавонад дар як сол ду миллион курс зиёд шавад, вале дигар аз истеҳсоли он хабар нашуд.

Дору, ки “Авифавир” ном дорад, дар асоси “Фавипиравир” яке аз ду маводи мухаддир бар зидди коронавирус дар ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст. Вай дар озмоишҳои клиникӣ самаранокии худро исбот карда буд, валек дигар тақдираш норӯшан боқӣ монд. Дар моҳи май, ин дору дар Вазорати тандурустӣ ба қайд гирифта шуд, дар ҳоле ки онро дар дорухона харидан мумкин нест. Он танҳо барои беморони беморхона дастрас аст ва таҳти назорати духтур истифода мешавад. “Авафир” бояд барои русҳо ройгон тақсим мешуд.

То ҳол ягон дору ҳамчун ваксина бар зидди ин вирус таҳия нашудааст. Аксари кишварҳо ҳарчанд даъвои сохтани онро карданд, вале то имрӯз касе ба сохтанаш муваффақ нашудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД