sebiston july new
КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КУҶО ШУРӮЪ ШУД?
2533

 

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ эълон кард, ки макони аслии хуруҷи вируси корона дар қаламрави кишварро муайян кардааст.

Самариддин Алиев, муовини аввали вазири тандурустӣ гуфт, аввалин нафаре, ки дар кишвар ба вируси корона гирифтор шуда буд, рӯзи 30 апрел дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки рӯзи 30 апрели соли равон дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Қоҳир Расулзода, 15 ҳолати сироятёбии шаҳрвандони кишвар ба вируси COVID – 19 эълон шуда буд. Аз ин шумора 5 ҳолат ба шаҳри Душанбе ва 10 ҳолати дигар ба вилояти Суғд рост меомад.

Тибқи оморҳо аз 30 апрел то 23 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID - 19 ба 7060 нафар расида, аз ин беморӣ 5793 нафар ё худ 82% - и гирифторон шифо ёфтаанд. Шумораи фавтидагон ба 58 нафар расид.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамчунин хабар медиҳад, ки давоми шабонарӯзи охир 135 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 52 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Бино ба иттилои вазорат барои мубориза бо ин вируси маргбор дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади расонидани кӯмаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД