arzon replenishment
КОРОНАВИРУС БА ХОНАИ ПРЕЗИДЕНТ ТАШРИФ ОВАРД
2360


Коронавирус сайри худро аз Ҷумҳурии халқии Хитой оғоз намуда, дар гирди 188 давлат тоб хурд. Ин вируси бераҳми одамхур қариб дари хонаи ҳамаи сокинони оламро куфт.

Дар бархе аз оилаҳо ин меҳмони нохондаю номатлуб бенишон пайдо мешуду боз ғайб мезад, аммо дар қисмати дигари хонадон ин вируси аждаҳорсифат одамони некисришту созандаро ба коми маргбори худ фурӯ бурд.

Аз давраи пайдоиши вируси COVID-19 президенти Амрико Доналд Трамп аксари вақт бе ниқоб дар байни мардум баромад мекард. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамагон ангушти ҳайрат мегазиданд, ки чаро Трамп мубталои вирус намешавад? Аммо...
Коронавирус пас аз сафари қариб яксолаи худ билохира меҳмони хонаводаи Трамп низ гардид.
Имрӯз худи Ҷаноби Трамп дар саҳифаи Twitter-аш навиштааст: “Натиҷаи тести COVID-19-и ман ва хонуми аввал натиҷаи мусбат дод. Мо худро ба “карантин” фаро гирифта, раванди сиҳатёбиро зуд роҳандозӣ менамоем. Ҳамроҳ бо оилаам ин бемориро паси сар хоҳем кард!”.

Мутаассифона, рӯзҳои охир ҳамагон ба ин беморӣ хунукназарона муносибат намуда, қоидаи беҳдошт ва пешгирӣ аз сироятёбиро қариб риоя намекунанд.
То имрӯз дар 188-кишвари олам 33 997 409 мубталои COVID-19 шуда, аз ин миқдор 23 661 737 шифо ёфта, 1 014 605 нафар фавтиданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД