Helvetas - Hukuki Man
Коронавирус: Ҷабри ПАДАР ба ФАРЗАНДОН
1585

Ҳамидуллоҳ Акрамӣ, сокини шаҳри Ҳироти Афғонистон дар саҳифаи фейсбукии худ акси шаш кӯдакеро гузоштааст, ки бо дидани он кас намедонад бихандад ё бигиряд. Дар аксҳо дида мешавад, ки пойи кӯдаконро бо арғамчин сахт бастаанд.

Дар давраи паҳншавии коронавирус ҳар кас бо методи гуногун кӯдакашро ҳифз кардан мехоҳад. Чӣ тавр эмин нигоҳ доштани кӯдак аз вируси нав аз донишу фаҳмиши волидайн вобастагии зиёд дорад.

Ҳабибуллоҳ дар шарҳи аксҳои худ навиштааст: “Инҳо фарзандони хонаводаи ман ҳастанд. Ман қаҳрамонпадар ҳастам, чунки соҳиби 6 фарзанд мебошам ва тарс аз он дорам, ки кучулуҳоям аз коронавирус сироят наёбанд”.

Бояд дар хотир дошт, ки дар вазъияти кунунӣ кӯдаконро аз хатари сироятёбӣ аз коронавирус эҳтиёт кард. Онҳо ҳар вазъияти баамаломадаро ба дил наздик қабул мекунанад ва ҳар як амали мо ояндаи кӯдаконро муайян месозад.

Бино ба гуфтаи АИР “Новости” шумораи гирифторони коронавирус дар Афғонистон марзи 1000 нафарро убур кард. Аз ин шумора ҳамагӣ 31-нафари онҳо шифо ёфтаанд. Ёдовар мешавем, ки авалин бор вируси коронаро дар шаҳру ноҳияҳои Кунар ва Лағмон пайдо карда буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Shahrom 2020-04-30, 14:38
Shabnam mazzat nabudki nest... yagon kori digara pesha kun. Duzandagi tuxmfurushi, sabzabotkori, az uhdai yagontash nabaroi karta bgi folbini kun... ruznomanigori joi tu nest
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Shahrom 2020-04-30, 14:38
Shabnam mazzat nabudki nest... yagon kori digara pesha kun. Duzandagi tuxmfurushi, sabzabotkori, az uhdai yagontash nabaroi karta bgi folbini kun... ruznomanigori joi tu nest
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД