arzon replenishment
Кормандони соҳаи тандурустӣ 6300 арча шинониданд
03.03.2025
Oila.tj
205

Дар қитъаи 6-и маҳаллаи Навободи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳашари ниҳолшинонӣ сурат гирифт, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Шодихон Ҷамшед, роҳбарият ва кормандони муассисаҳои тиббию табобатии ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар доираи чорабинии мазкур аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар қитъаи муайяншуда 6300 адад дарахти арча шинонида шудааст.

- Ҷиҳати саҳм гузоштан дар сабзу хуррамгардонии муҳити зист минбаъд низ чунин маъракаҳои ниҳолшинонӣ аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ташкил ва баргузор карда мешаванд,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД