Як корманди ГАИ дар Русия 3 кӯдаки муҳоҷирро, ки бидуни роҳнамоии калонсолон аз роҳ мегузаштаанд, бо мошин пахш кардааст. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд.
Ин ҳодисаи нохуш шоми 14-уми сенятбр дар шаҳраки Михневои Ступино рӯй дода, як корманди бозрасии давлатии автомобилии Русия якбора 3 кӯдаки муҳоҷирро, ки бидуни роҳнамоии калонсолон аз роҳ мегузаштаанд, бо мошинаш пахш намудааст. Кӯдакон бар асари садамаи нақлиётӣ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шудаанд.
Ному насаби ронанда оварда нашудааст, вале тибқи маълумоти расонаҳои русӣ вай 27 сол дошта, бо мошини тамғаи «Омода» якбора 3 кӯдаки ноболиғи солҳои таваллудашон 2017, 2018 ва 2019-ро пахш намудааст. НЕВС.РУ навиштааст, ки ронанда машруботи спиртӣ нанӯшида, дар лаҳзаи сар задани садама комилан ҳушёр будааст, вале кӯдакон якбора давида аз роҳ гузаштанӣ шудаанд ва ронанда фурсати пахш намудани тормозро наёфта, онҳоро бо мошин зер намудааст.
Аз 3 кӯдаки зери чархи мошин монда 2 нафарашон фарзандони як оилаи муҳоҷири тоҷик буда, яке 4 ва дигарӣ 7 сол доштааст. Кӯдаки сеюм фарзанди муҳоҷирони ӯзбек буда, 5-сола аст. Ҳамаи кӯдакон бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхона интиқол дода шудаанд. Гуфта мешавад, ки падари ду кӯдаки ба садама гирифторшудаи тоҷик бекор буда, танҳо модарашон ба сифати хазинадор кор мекардааст. Падари кӯдаки ӯзбек низ ҷойи кори доимӣ надорад.