Кореяи Ҷанубӣ барои сохтани метро дар Душанбе 200 ҳазор доллар ҷудо кард
Дар шаҳри Душанбе бо истифода аз системаи метрои сабуки баландсуръат (Light Rail Transit) метрои рӯизаминӣ сохта мешавад. Сохтмони метро аз дарвозаи ҷанубии пойтахт то бинои Сирки давлатӣ ба нақша гирифта шудааст ва масофаи 10,5 километрро ташкил медиҳад.
Байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Кореяи Ҷанубӣ барои маблағгузории омӯзиши пешакӣ ва арзёбии техникиву иқтисодии сохтмони роҳи оҳани шаҳрӣ ва метрои сабук созишнома ба имзо расид. Санадро вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи Бонки Кореяи Ҷанубӣ Квон Биеонг имзо карданд. Мувофиқи созишномаи мазкур Кореяи Ҷанубӣ уҳдадор шуд, ки барои хидматрасонии дурусти метро мутахассисони маҳаллиро тайёр кунад. Тибқи созишнома то охири сол 7 нафар мутахассисон дар ин самт бояд омода карда шаванд.
“Эксимбонк”-и Кореяи Ҷанубӣ барои баргузории корҳои пешакӣ 200 ҳазор доллар ҷудо кардааст.
Мунаввара Аслонзода