Arzon march 2024
КОР! НОН! ОЗОДӢ!
2136

Эътироз занҳои афғон дар Кобул!
Раиси ҷумҳурии ояндаи Афғонистон як зан аст!
Имрӯз моро саркуб карданд, вале аз дасти холии мо метарсанд!
Мо озодӣ мехоҳем, мо кор мехоҳем, мо нон мехоҳем!!!
Кор! Нон! Озодӣ! Кор! Нон! Озодӣ!
Бо чунин нидоҳо занҳои Афғонистон боз ҳамчун рамзи эътироз ба кӯчаҳои шаҳри Кобул баромаданд.
Аз эътирозҳои пур аз шӯру шари бонувон маълум аст, ки онҳо аз давлатдории навини раиси ҷумҳурашон норозӣ ҳастанд ва тайёранд, ки барои дифоъ аз ҳуқуқҳи худ ҳатто ҷонашонро фидо намоянд. Намоиши эътирозии бонувони афғон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ то кадом андоза душвор будани вазъи зиндагии занонро дар Афғонистон нишон медиҳанд. Вазъият то андозае нигаронкунанда аст, ки корд ба устухони занон расидааст ва ҳатто аз ҳадафи тиру туфанги “Толибон” қарор гирифтан тарсида, ҳамчун рамзи эътироз ба кӯча мебароянд.
Ёдрас мешавем, ки баъди сари қудрат омадани “Толибон” дар Афғонистон вазъи занону духтарон дар ин кишвари ҷангзада боз ҳам вазнитар гашт. “Толибон” таҳсил ва кор карданр ба бонувн ба пуррагӣ манъ карданд. Чанд рӯз қабл бшад, расонаҳо хабар доданд, ки Вазорати амр ба маъруф ва наҳӣ аз мункари “Толибон” дар тавсияномае аз ронандагони мошинҳои шаҳрӣ хостааст, ки занонро бидуни маҳрами шаръӣ ва бе доштани ҳиҷоби исломӣ ба мошинҳо савор накунанд. Ин тасмими вазорат бо интиқодҳои сокинон, ронандагон ва коршиносон дар ин кишвар рӯ ба рӯ шудааст.
Эҳтимол меравад, ки баъди ин қарори вазорат дар Афғонистон занон маҷбур шуданд, ки боз ба намоиши эътирозӣ бароянд.
Лозим ба ёдоварист, ки занҳои афғон баъди ба сари қудрат омадани “Толибон” зуд-зуд гирдиҳамоӣ мекунанд. Сабаби эътирзи занон поймол шудани ҳуқуқи онҳо аз тарафи сохти нави давлатдорӣ дар Афғонистон мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД