Ҳамасола рӯзи 6-уми ноябр мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Конститутсия санади муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ ва асоси давлатдорӣ ба шумор меравад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ин рӯз ҳамчун саҳифаи нав дар таърихи давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Конститутсия на танҳо низоми сиёсию ҳуқуқии давлатро муайян мекунад, балки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатро ҳифз менамояд.
Дар моддаҳои он чунин арзишҳо ба таври равшан зикр шудаанд: Ҳокимият ба халқ тааллуқ дорад, давлат дунявӣ, демократӣ ва иҷтимоӣ аст, ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши олӣ мебошанд, забони давлатӣ забони тоҷикӣ ва пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе мебошад.
Конститутсия моро ба ваҳдат, адолат, масъулият ва эҳтиром ба қонун даъват мекунад.
Раббонӣ ДИНОРЗОДА