Имрӯзҳо ба ифтихори 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхонаву муассисаҳои кишвар чорабиниҳои зиёде баргузор мегарданд. Аз ҷумла дар Бонки миллии Тоҷикистон чунин чорабинии тантанавӣ барпо шуда, дар рафти он сухан аз нақши ва мақоми ин ҳуҷҷати тақдирсоз дар сарнавишти давлат ва миллати тоҷик рафт.
Фирдавс Толибзода, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни суханронии хеш аз таърихи қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ёдовар шуда, аз ҷумла чунин гуфт: “6 ноябри соли 1994 бо ташаббуси президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсия қабул гардид, ки истиқлоли давлати тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи мамлакатро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ муайян намуд.”
Дар ҷаласа иброз таъкид карда шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ дастоварди беназири даврони истиқлол буда, дар ташаккули асосҳои сохтори давлатӣ, таҳкиму инкишофи қонунгузории миллӣ ва мустаҳкам гардонидани пояҳои устувори истиқлолияти комили сиёсии марҳилаи нави рушди Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол нақши бузург дорад. Конститутсия ба таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мусоидат намуда, омили асосии кафолати пойдории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардидааст.