Arzon march 2024
Консертҳои ҷашнӣ кай ва дар куҷо доир мешаванд?
4035

Вазорати фарҳанги мамлакат гуфт, дар арафаи таҷлил аз 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар ҳар шм консерти ройгон баргузор хоҳад шуд.

Ба иттилои ин ниҳод, таҷлили ҷашни Истиқлолият дар боғҳои Душанбе аллакай сар шуда, ҳар шом дар ҳама боғҳои фарҳангӣ - фароғатии пойтахт барномаҳои консертӣ доир шуда, он то 13 сентябр давом мекунад.

Масъулини Вазорати фарҳанг гуфтанд, чорабиниҳои асосии ҷашнӣ дар шаҳри Душанбе шоми 9 сентябр дар майдони “Истиқлол” бо ширкати мақомоти баландпояи кишвар доир мегардад. Дар ин чорабинӣ иштироки васеи сокинону меҳмонон пойтахт дар назар буда, ба барномаи фарҳангӣ ситораҳои маъруф даъват гардидаанд.

Омодагиҳо барои баргузории баномаи фарҳангӣ, ки рӯзи 9 сентябр, пас аз соати 18:00, доир мешавад, ҳамарӯза идома доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД