Хушунату зӯроварии хонаводагӣ солҳои охир ба мавзӯи доғи ҷомеаи мо мубаддал гаштааст. Аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои дохиливу хориҷӣ барои мубориза бо ин падидаи нангин чораҳои зиёде андешида шудаанд, аммо ҳанӯз ҳам мардони бадҷаҳл ва бехираде ёфт мешаванд, ки ба сари зан мушт бардоштану корд кашиданро нишонаи мардонагӣ медонанд.
Ғазаби чунин як марди беандеша дар Конибодом боиси сар задани фоҷиа гашт...
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як марди 32-солаи сокини деҳаи Ортиқови шаҳри Конибодом бо гумони расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба шахси дигар хабар додааст. Ба иттилоъи ин манбаъи мӯътамад, гумонбар шахси бегона не, собиқ ҳамсарашро корд задааст.
Ин фоҷиаи хунин дар ҷамоати деҳоти Пулотони шаҳри Конибодом рӯй додааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки мард ба хонаи собиқ ҳамсараш рафта, дар сари қаҳру ғазаб ӯро корд задааст.
Зан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ гашта, марди бадҷаҳл дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Сабаби сар задани ин моҷарои хунин ҳанӯз маълум нест, вале дар сурати собит шудани гуноҳаш ин марди бадқаҳр чанд соли умри ҷавонашро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ хоҳад кард.