Филми рӯзноманигор ва коргардони ҷавони тоҷик Ардашер Пайванд бо номи “Зани рӯин” дар ду ҷашнвораи байналмилалии синамоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вориди рақобат шуд ва то даври ниҳоӣ расид.
Тавре ки муаллифи филм ба сомонаи “Oila хабар дод, филми мазкур дар ҷашнвораи “Independent Shorts Awards”, ки рӯзи 21-уми июн дар шаҳри Лос-Анҷелеси ИМА баргузор гардид, интихоб ва намоиш дода шуд.
Ҳамин тариқ, филми “Зани рӯин” дар ҷашнвораи “Students World Impact Film Festival” (SWIFF), ки рӯзҳои 18-25 июн дар шаҳри Ню-Йорк бо ширкати 13 ҳазору 868 филм аз 12 кишвари ҷаҳон сурат гирифт, то ба марҳилаи чорякниҳоӣ расид.
Ардашер гуфт,дар ҷашнвораи мазкур аз кишвари мо 5 нафар - Муҳаммадрабии Исмоил, Муҳиддини Музаффар, Алион Ҷалилов, худи ӯ ва боз як нафари дигар ширкат дошта, аксарият соҳиби ҷоизаи "Таваҷҷуҳи ҳакамон" гаштанд.
Бояд гуфт, ки бори аввал ин филми 19-дақиқаӣ дар шаҳри Олмотии Қазоқистон дар ҷашнвораи минтақавии «MediaCAMP» намоиш дода шуда буд. Ин мустанад дар моҳи майи имсол дар ҷашнвораи дигар – “Toronto International Women Film Festival” (Канада) интихоб ва ба намоиш гузошта шуд. Дар баробари ин филм дар моҳи июн дар ҷашнвораи минтақавии “Cinema Love” (Узбакистон) ширкат дошт.
Филми мустанади “Зани рӯин” дар жанри эссе ва дар муддати се моҳ сабту танзим шудааст. Он аз рӯзгори як зани танҳое нақл мекунад, ки бо фарзанди маъюби гуруҳи дуюм дар шаҳри Душанбе иҷорашин аст ва бори зиндагиро бар дӯш дорад. Мустанади мазкур барои нахустин бор дар доираи Ҷашнвораи ҳуқуқи инсон, ки моҳи сентябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар як доираи маҳдуд ба намоиш гузошта шуда буд.
Филм бисёр таъсирбахш офарида шуда, ҳар як саҳнаи он бомазмун ва дуруст бандубаст шудааст, ки бинандаро ба фикр кардан водор месозад. Қаҳрамони филм ҳам бамаврид зани рӯин номгузорӣ шудааст. Чунки дар ҳақиқат қаҳрамони филм зани баномус, покдоман, пурталош ва қавиирода аст. Ҳамчунин дар филм поймол шудани ҳуқуқи инсон ва мавҷуд будани як гурӯҳи қаллобон низ дида мешавад. Дар воқеъ, аксаран мардуми одӣ ба доми чунин қаллобон гирифтор мешаванд, вале қисме аз онҳо чӣ тавр ҳимоя кардани ҳуқуқҳои худро надониста, дар муқобили ин ноадолатиҳо хомӯш меистанд.
Паҳлӯи дигари ташвишовари филм духтари маъюби ин зан аст, ки гирифтори фиребу найранбозиҳои як ҷавон гардидааст. Дарду ғам ва рӯҳафтодагӣ дар чашмони духтари ҷавон бараъло намоён аст.
Филми “Зани рӯин” нахустин кори коргардонии Ардашер Пайванд аст. Номбурда хатмкардаи “Мактаби филмҳои мустанад” (Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон) аст, ки тайи моҳҳои феврал-майи соли 2022 дар Душанбе ҷавонони моил ба филмсозиро донишҳои синамоӣ омӯзонид.
Ардашер Пайванд писари хурдии журналисти шинохта шодравон Пайванди Гулмуродзода буда, аз зумраи ҷавонони боистеъдод ва умедбахши тоҷик аст. Ӯ факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, роҳбари як пойгоҳи интернетӣ аст.
Ардашер аз айёми донишҷӯӣ ба аксу наворбардорӣ майлу рағбат дошт. Замоне усули «аксгирӣ бо смартфон»-ро аз худ намуд. Коргардони ҷавон дар «Мактаби мустанадсозӣ» таҳсил гирифтааст. Соли гузашта дар як озмуни аксбардории бахшида ба шаҳри Душанбе дар байни иштирокдорони зиёд ба гирифтани ҷойи дуюм мушарраф гардид.
Дар мавриди ҳадафҳои баъдӣ коргардон гуфт, як филми дигарашро низ сабт намудааст, ки айни ҳол мавриди тадвину садобардорӣ қарор дорад. Интизор меравад, ки нахустнамоиши он дар шаҳри Душанбе тирамоҳи имсол баргузор карда шавад.