Formula novemver 2024
Комёбии нави сарояндаи машҳур
1468



Имрӯз ба сарояндаи ҷавон ва машҳури тоҷик Фаррух Ҳасанов аз ҷониби вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода нишони Аълочии фарҳанги Ҷқмҳурии Тоҷикистон дода шуд.

Дар ин бора худи ин сароянда дар сторизи инстаграми худ хабар додааст.

Фаррух Ҳасанов дар сториз чунин гуфтааст:

” Ин субҳ бо шарофати Вазири фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ман нишон Аълочии фарҳанг дода шуд. Дар синни25 солагӣ ба даст овардани ин нишон барои ман як фахр аст.Худо хоҳад дар оянда боз ҳунарамро сайқал дода, натиҷаҳои хубӣ фарҳангӣ нишон хоҳам дод.”

Ёдовар мешавем ки чанд рӯз қабл Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва мири шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба овозхони ҷавону боистеъдоди тоҷик Фаррух Ҳасанову калиди хонаи сеҳуҷрагӣ тақдим намуд.

Фаррух Ҳасанов ғолиби озмуни «Ну-ка, все вместе!»-и шабакаи телевизионии “Россия-1” мебошад, ки бо шоҳҷоиза ва 5 миллион рубли русӣ ба Ватан баргашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД