arzon replenishment
Комёбии гӯштингири тоҷик
526

 

Гӯштингири ҷавони тоҷик Абдулмаҷид Кудиев аз Албания бо медили биринҷӣ ба Ватан баргашт.

Дар шаҳри Тиранаи Албания аз 29 то 31-уми октябр Чемпионати ҷаҳон дар вазнҳои ғайриолимпӣ  оид ба гӯштини тарзи озод доир гашт. Паҳлавони Тоҷикистонӣ Абдулмаҷид Кудиев дар ин мусобиқот маҳорати воло нишон дода, рақибонашро мағлуб намуд ва соҳиби медали биринҷӣ гашт.

Тавре ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ хабар додааст, Абдулмаҷид Кудиев дар вазни то 70 кг дар даври аввал бо ҳисоби 11 бар 0 намояндаи Муғулистон – Энхтуяро шикаст дода, дар даври дуюм  бо ҳисоби 12 бар 2 Рамазон Рамазонови булғориро мағлуб карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтааст. Дар даври чаҳорякниҳоӣ ӯ бо ҳисоби 6 бар 5 дар як рақобати мушкил Сино Халилӣ аз Эронро шикаст дода, ба даври нимниҳоӣ баромад, аммо...

Дар ин марҳила Абдулмаҷид Кудиев аз Нуржока Кайпанови қазоқ пас аз як иштибоҳ бо ҳисоби 2 бар 13 рақобатро бохт ва ба финал баромада натавонист.

Паҳлавони Тоҷикистон барои медали биринҷӣ бо ҳисоби 13 бар 2 Акаки Кемертелидзеи гурҷиро шикаст дода, медали биринҷии чемпионати ҷаҳонро соҳиб шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД