Formula 2025 may
Коллексияи либосҳои донишҷӯёни тоҷик дар озмуни умумирусиягӣ соҳиби ҷойи 1-ум шуд
23.05.2025
Oila.tj
157

Дар озмуни XXXII моделони ҷавон ва тарроҳони либос таҳти унвони «Нафаси баҳор» коллексияи гурӯҳии донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Шоева Фотима ва Шоева Зуҳро таҳти унвони «Нигини Шоҳнома» дар номинатсияи «Самти ман» сазовори ҷойи аввал гардид.

Ҷоизаи мазкур дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия дар расми ҷамъбасти озмун ба донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси санъатшиносӣ Шоева Фотима дар вазъияти тантанавӣ тақдим гардид.

Озмуни мазкур аз 16 то 22-юми майи соли 2025 дар Мактаби муҳандисии либоси Донишгоҳи давлатии технологияҳои саноатӣ ва дизайни Санкт-Петербург баргузор гардид. Дар озмуни мазкур Зумрад Умарова, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишкада ба ҳайси узви ҳайати ҳакамон ва Шоева Фотима, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси санъатшиносии факултети тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ иштирок карданд.

Коллексияи донишҷӯён Шоева Фотима ва Шоева Зуҳро таҳти унвони «Нигини Шоҳнома» дар рӯзи дуюми озмун намоиш дода шуд. Дар ҳар як либоси коллексияи мазкур унсурҳои миллӣ бо нозукии хосса дарҷ гардида, дар намунаҳои либосҳои офаридаи ин донишҷӯён матоъҳои рангоранги миллӣ бо услуби замонавӣ истифода шудаанд, ки аз ҷониби иштирокдорон хуб пазируфта шуданд.

Бояд гуфт, ки озмуни «Нафаси баҳор» умумирусиягӣ буда, дар он тарроҳон ва моделони ҷавон аз тамоми минтақаҳои Русия ва иштирокдорони хориҷӣ аз кишварҳои узви ИДМ даъват мешаванд. Иштирокчиёни озмун донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соҳаи тарроҳӣ, моделсозӣ ва санъат, инчунин, мутахассисони ҷавон, ки на камтар аз 3 сол дар ин соҳа фаъолият доранд, мебошанд.

Озмун соли 1992 аз ҷониби Мактаби муҳандисии либоси Санкт-Петербург таъсис дода шуда, ҳадафи он таҳия ва пешниҳоди коллексияҳои муосиру ҷаззоб, неруи кадрӣ дар соҳаҳои мӯду дизайн мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД