shoh palace
КӮМАКИ САРИВАҚТӢ АЗ ТАРАФИ ОҒОХОН
5668


Барои пешгирӣ намудан аз паҳншавии бемории сироятии короновирус ё худ COVID-19 дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз тарафи Оҷонсии Оғохон оид ба макони зист 680 адад либосҳои муҳофизатӣ барои духтурони вилоят, ки дар маҷмӯъ 10 ҳазор доллари ИМА - ро ташкил медиҳад, кӯмак расонда шуд.

Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ҷиҳати кӯмаки саривақтӣ расондан ба кормандони соҳаи тандурустии вилоят ва инчунин, ба масъулини
Оҷонсии Оғохон оид ба макони зист изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Ҷойи тазаккур аст, ки Фонди Оғохон дар Тоҷикистон дар ҳар як давраи мушкил ва ҳасос кӯмаки башардустонаи худро ба сокинони кишвар ҳеҷ вақт дареғ надошт.

Ногуфта намонад, ки то соати 16:30 дақиқаи 4-уми май дар мамлакат 230 ҳолати сироятёбии шаҳрвандон ба коронавируси нави COVID-19 ошкор шудааст. Аз ҷумла, 110 ҳолат дар шаҳри Душанбе, 22 ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 7 ҳолат дар ВМКБ, 21 ҳолат дар вилояти Хатлон ва 70 ҳолат дар вилояти Суғд.

То имрӯз 3 ҳолати фавти шаҳрвандон аз сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, то 4-уми май дар муассисаҳои табобатии кишвар ҳамагӣ 3208 нафар зери назорати табибон қарор доранд. Дар як шабонарӯзи охир 246 нафар пас аз гузаронидани ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш аз муассисаҳои табобатӣ ба хона ҷавоб дода шудаанд.

Вазорат аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал овардааст, ки “дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД