formula
Кӯмаки Пешвои миллат ба МАРДУМИ СУҒД
2310

Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии табибони ҷумҳурӣ ва нафароне, ки ба бемории нави короновирус — COVID-19 гирифтор шудаанд, дар корвони иборат аз 140 мошини пурбор кумаки моддии Пешвои муаззами миллат аз пойтахти мамлакат ба вилояти Суғд расида омад.

Ба ҳамаи шахсони мубталои бемории вируси нав ва табибони 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар ҳаҷми 900 тонна маводи хӯрокворӣ бо маблағи қариб 6,5 миллион сомонӣ дастрас мегардад.
Маводҳои озуқаворӣ асосан аз молҳои ниёзи аввал — орд, биринҷ, равған, шакар, картошка, сабзӣ, пиёз ва дигар хӯрокворӣ иборат аст.
Дар қатори мошинҳои маводи озуқаворӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамзамон маводи зарурии доруворӣ низ ба шаҳру навоҳии вилоят тақсим гардид. Илова ба маводи доруворӣ ба табибони беморхонаҳои вилоят сару либоси тиббӣ, ниқоб, дастпӯшак, асбобҳои муҳофизатӣ, моддаҳои безараргардонии антисептикӣ ва дигар воситаҳои техникии тиббӣ кумак карда мешавад.
Кӯмаки зикршуда табибон ва тамоми беморони ба вируси нави короновирус мубталошудаи шаҳру навоҳии вилояти Суғдро фаро гирифта, нишонаи ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ, беморон ва дар маҷмуъ мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.
Бо мақсади ба таври шаффоф, мақсаднок ва суроғавӣ дастрас намудани маводи доруворӣ ва молу маҳсулоти хурокворӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби аъзои Ҳукумати мамлакат, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории короновирус COVID — 19 ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.
Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД