arzon replenishment
Кӯмаки Озода Нурсаидова ба зарардидагони вилояти Сирдарё
1112

 

Озода Саидзода (Нурсаидова), овозхон ва оҳангсози 45-солаи ӯзбек ба панҷ нафар ҳамватанонаш, ки аз рахна шудани садди обанбори Сардобаи вилояти Сирдарё зарар дида буданд, хонаҳои истиқоматӣ ҳадя кардааст.

Дар ин бора хабаргузории “UPL 24” иттилоъ медиҳад. Ин манбаъ мегӯяд, се хона сеҳуҷрагӣ ва ду хонаи дигар ду ҳуҷрагӣ мебошанд, ки на барои истифодаи муваққатӣ, балки барои зиндагии доимӣ ба панҷ нафари зарардида тақдим гардидаанд. Ба гуфтаи худи овозхон, хонаҳо дар вилояти Тошканд ҷойгиранд ва ҳоло бо мебелу дигар ашёи рӯзгор таъмин нестанд. Дар идома овозхон аз ҳамкасбонаш даъват кардааст, ки дар ин рӯзҳои мушкил ҳамватанони худро танҳо нагузоранд. Ҳамзамон, ин манбаъ хабар медиҳад, ки Юлдуз Усмонова, овозхони дигари ӯзбек низ ба зарардидагони вилояти Сирдарё наздики 528 миллион сӯм (зиёда аз 530 ҳазор сомонӣ) кӯмак кардааст. Худи овозхон дар маъракаи тақдими кӯмакпулиҳо иштирок накардааст, вале мутасаддиён маблағро ба дасти нафарони ниёзманд расонидаанд. Ин нахустин кӯмаки Юлдуз Усмонова ба нафарони осебдида набуда, қаблан ӯ сару либос, маҳсулоти гигиенаи шахсӣ ва дигар ашёҳои лозимаро ирсол карда буд. Ҳатто барои ин миёни овозхон ва кормандони милитсия низоъ ҳам бархеста буд, ки баъдан овозхон аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ расман узр пурсид. Обанбори Сардоба воқеъ дар вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон дар пайи боронҳои пуршиддат санаи 2-юми май рахна шуд ва 60 нафарро маҷрӯҳу чанд тани дигарро ба ҳалокат расонид. Дар пайи ин офат даҳҳо манзили зист вайрон шуда, 70 нафар ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД