Arzon march 2024
КӮМАКИ ХАЙРХОҲОНАИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БА ҲАМВАТАНОН
2149

Дар пайравӣ аз сиёсатҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Амонулло ва Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ҷиҳати дастгирии табибони кишвар, ки дар набард бо вабои КОВИД-19 дар сафи аввали мубориза қарор доранд, иқдоми хайрхоҳона анҷом доданд.

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов вакилони мардумӣ аз ҳисоби маоши худ дар ин рӣзҳои мушкилӣ ба беморхонаҳои ноҳияи Фархор ва оилаҳои ниёзманд 11500 дона ниқоб, беш аз 1000 дона маҳлулҳои зиддивирусӣ, 150 баста либоси махсуси тиббӣ, инчунин миқдори зиёди дастпӣшҳои бисёркарата, айнакҳои тиббӣ, маводи доруворӣ ва як миқдор маводи ғизоӣ кӣмак намуданд.

Ин иқдоми хайрхоҳонаи вакилон дар ҳоле амалӣ шуд, ки аз 30 апрели соли равон бемории сироятии КОВИД-19 дар кишвари азизамон ошкор шуда, то ҳол беш аз 3000 ҳамватанони мо ба ин беморӣ мубтало шудаанд.

Дар арафаи Иди Саиди Фитр низ вакилон бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ба 20 оилаи ниёзманд ва иддае аз сокинони ҷамоатҳои Ғайрат ва Дарқади ноҳияи Фархор кӣмакҳои идона намуданд. Кӣмакҳои вакилон аз қабили орд, равған, қанд, макарон, картошкаву пиёз ва ниқобҳои тиббӣ иборат буданд.

Инчунин дар доираи иқдомҳои нек аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фархор Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ва сокинони ноҳия Панҷи вилояти Хатлон кумакҳои тиббӣ ироа карда шуд. Ин кумакҳо дар беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ, ҷамоати шаҳраки «Панҷ», ҷамоатҳои деҳоти «Нури Ваҳдат», «Озодагон» ва Кабут Сайфиддин аз тариқи аксияи ҳизбии «Тозагӣ – гарави саломатист!» пешниҳод шуд, ки дар он 1850 адад ниқоб, 520 адад даспушакҳои муҳофизатӣ, 690 адад маводҳои антисептикӣ ва дигар маводи зиддивирусӣ тақсим карда шуд.

Ин иқдомҳои ҷавонмардонаи вакилон барои сокинони кишвар аз сиёсатҳои созандаи Пешвои миллат маншаъ гирифта, дар роҳи дастгирии оилаҳои ниёзманд иқдоми саривақтӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки бемории сироятии КОВИД-19 зиёда аз 200 кишвари оламро фаро гирифта, дар ҷаҳон беш аз 5 млн инсон ба ин беморӣ мубтало шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД