Роҳбарияти шаҳри Кӯлоб бо роҳбарии Бахтиёр Назарзода, раиси шаҳр, сокинон ва ҳаводорони тими “Равшан” дирӯз дар назди даромадгоҳи шаҳр, ҳайати дастаро истиқбол гирифтанд.
Чанд рӯз қабл «Равшан»-и Кӯлоб ба дастаи овозадори «Истиқлол»-и пойтахт бо ҳисоби 1:0 пирӯз омада, Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард.
Ягона голи ғалабаоварро ҳамлагар Амирҷон Сафаров дар дақиқаи 7-ум ба ҳадаф расонд. Евгений Гритсенко, дарвозабони «Равшан» “Беҳтарин бозингар” эълон шуд.