Адиб ва файласуфи машҳури эронӣ Муҳаммад Ҳиҷозӣ фармудааст: “Ишқ оташ аст, агар набошад, хона сарду торик мегардад, вале агар ноҷо афтад, хонаву хонумон ҳамаро саросар месӯзад!”
Дар ҳақиқат ишқи ноҷо ва ё носанҷида ба мисли оташи оламсӯзест, ки дар як лаҳза замину замонро зеру забар мекунад ва ҳастии инсонро ба коми нестӣ мебарад. Ҳамин гуна як ишқи бадфарҷом дар шаҳри Кӯлоб бо фоҷиаи хунин анҷом ёфта, боиси аз ҳаёт маҳрум гаштани як духтараки мисли гул зебову дилкаш гашт.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони 23-солаи сокини ш. Кӯлоб бо гумони даст доштан дар куштор хабар медиҳад. Тавре ки манбаъ мегӯяд, як рӯз пеш аз иди саиди фитр, санаи 12-май, тахминан соатҳои 16.20 ин ҷавон духтари дӯстдоштаашро ба самти ҷамоати деҳоти Зарбдор бурда, ба қисматҳои гуногуни баданаш се маротиба корд задааст. Сабаби сар задани ин моҷарои хунин маълум нест, вале духтар, ки ҳамагӣ 19-сол дошт, бар асари захмҳои корд ва ҷароҳатҳои хуншор дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин супурдааст.
Таҳқиқоти ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.