Кӯҳистони Мастчоҳ: дар садамаи нақлиётӣ як нафар ҳалок шуда, 5 нафар ҷароҳат бардоштаанд
23.09.2025
Oila.tj
215

20-уми сентябри соли 2025, соати 06:30 дақиқа дар ҳудуди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар, автомашинаи сабукрави тамғаи “Korando”, рақами қайди давлатиаш 09-70 ОЗ 02TJ, ки ба ронанда Ниёзов Мирзораҷаб Рафиевич, соли таваллудаш 1977, истиқоматкунандаи деҳаи Ронҷ, ҷамоати деҳоти Иван Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ тааллуқ доштааст, бо ҳамроҳии 5 нафар мусофираш, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Деваштич ба самти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз уҳдаи идораи мошин набаромада, аз роҳ берун шуда, ба садама дучор омадааст.

Дар ин ҳодиса як хонуми 40-сола, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ба ҳалокат расида, ронанда ва 4 ҳамсафари дигари ӯ бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Сабаби садама тафтиш мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД