arzon replenishment
Кирми рӯдаи кӯдакро чӣ гуна афтодан мумкин?
840


Ман модари 3 фарзанд ва сокини шаҳри Истаравшан мебошам. Пештар саломатии бачаҳоям хуб буд, вале як соли охир ранги рӯяшон зард шуда, тораф лоғар шуда истодаанд.

Тез-тез гурусна монда, хӯрок мехӯранд, вале ба ҷойи он ки гӯшт гирифта, фарбеҳак шаванд, харобу хазон шуда истодаанд. Ба духтур бурдам, гуфтанд, ки бачаҳоятон кирм доранд ва бояд ҳамаашонро якҷоя табобат кунед. Ростӣ, ман имкони барои се кӯдак доруву дармон хариданро надорам, аз ҳамин сабаб ба шумо муроҷиат намудам, ки шояд ягон роҳи осонтари аз кирми рӯда халос шуданро тавсия медиҳед.

Назокат, аз Истаравшан.

            Посухи табиби мардумӣ                                           Садриддиншоҳ Ҷалолӣ
Хоҳари азиз! Озурда набошед, зеро дар дунё мушкиле нест, ки осон нашавад. Мутаассифона,маҳз чӣ гуна кирм доштани бачаҳоятонро нагуфтаед, агар мегуфтед, табобаташ осонтар мешуд. Ба ҳар ҳол ман ба шумо чанд давоеро тавсия медиҳам, ки барои тамоми намудҳои кирм аҷал буда, таъсири бисёр хуб мерасонанд.

Нусхаи аввал

Барои кӯдаконе, ки кирми рӯда доранд, лимӯ беҳтарин даво аст. Азбаски турш аст, лимӯ кирмро ба зудӣ несту нобуд месозад. Ҳар рӯз як дона лимӯро бо пӯсташ аз турбтарошак гузаронед ва ба зарфе гирифта, аз болояш каме обу як қошуқ асал андозед ва даҳони зарфро маҳкам карда, монед то бегоҳ шаб истад. Шаб, пеш аз хоб аз ин давои олиҷаноб 2-3 қошуқӣ ба бачаҳоятон диҳед. Аллакай баъди 10-15 рӯзи табобат натиҷаашро худатон эҳсос мекунед.
Нусхаи дигар
Давои дигер, ки кирмҳоро ба зудӣ мерезонад, ин донаи каду аст. Муддати даҳ рӯз ҳар саҳар пеш аз хӯрдани хӯроки субҳона ба ҳар як фарзандатон як қошуқи калон тухми каду ва 1-2 дона сир-чеснок диҳед. Пас аз як соати хӯрдани донаи каду ва чеснок ба кӯдакон доруи исҳоловар додан лозим аст, то кирмҳои мурда резанд.

Нусхаи сеюм

Одатан кӯдаконе, ки кирми рӯда доранд, аз хориши маъқад азоб мекашанд. Барои он ки кӯдаконатон каме ҳам бошад, ором бигиранд, барги шафтолуро кӯфта, оби онро ба як пора пахтаи тоза гирифта, аз қафо ба мақъади кӯдак гузоред. Ин даво таъсири хеле хуб дошта, хориш ва сӯзиши маъқадро барҳам медиҳад ва кӯдакон шабона орому осуда мехобанд.

Нусхаи чорум

Дар минтақаҳои кӯҳсор шояд то ҳол садбарги кӯҳӣ ёфт мешавад. Маъмулан ранги садбарфи кӯҳӣ сафед буда, бӯйи бисёр хушу муаттар дорад.

Ин гулу хушбӯй аҷали кирми рӯда аст. Як қошуқ барги гули садбаргро дар зарфе андохта, аз болояш 100 грамм оби ҷӯшидагӣ резед ва болояшро маҳкам карда, монед як-ду соат истад, гулоби олиҷаноб ҳосил мешавад.

Рӯзе 3-4 маротиба ба кӯдакон аз ҳамин гулоб диҳед, ба зудӣ ҷонашон аз кирмҳо халос мешавад. Боқӣ саломат бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД