Шахсони душаҳрвандидоштае, ки аз ҳозир шудан ба комиссариатҳои ҳарбӣ барои бақайдгирӣ ва адои хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Россия саркашӣ мекунанд, аз шаҳрвандии Федератсияи Россия маҳрум ва аз қаламрави ин кишвар “депортатсия” карда шуда, ба ватанашон фиристода мешаванд. Лоиҳаи қонун дар бораи маҳрум сохтани шахсони саркаш аз шаҳрвандии Россия аллакай омода аст...
Лоиҳаи мазкурро депутати Думаи давлатии Россия, профессори кафедраи таърихи Россияи Донишгоҳи Самара, Михаил Матвеев омода намуда, дар ин бора дар телеграм- канали худ хабар додааст.
“Лоиҳаи қонун дар бораи аз шаҳрвандии Федератсияи Россия маҳрум сохтани шахсони душаҳрвандидоштае, ки аз сабти ном намудан дар комиссариатҳои ҳарбӣ ва адои хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Россия саркашӣ менамоянд, аллакай омода аст. Ҳафтаи оянда он ба Думаи давлатӣ барои баррасӣ пешниҳод карда мешавад” - навиштааст Михаил Матвеев дар телеграм.
Дар сурати аз шаҳрвандии Федератсияи Россия маҳрум гаштани шахси душаҳрвандидошта, аҳоли оилаи ӯ низ ба таври автоматӣ аз шаҳрвандии Россия хориҷ карда шуда, тамоми имтиёзҳояшон бозпас гирифта мешавад.
Ёдрас мешавем, ки солҳои охир шумораи зиёди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба хотири осонтар шудани зисту зиндагиашон дар қаламрави Федератсияи Русия бо роҳу воситаҳои гуногун шаҳрвандии Россияро ба даст оварда, соҳиби имтиёзҳои зиёде гашта буданд.
Иддае аз муҳоҷирон ба хотири ба даст овардани шаҳрвандии Россия ҳатто ақди никоҳи худро дар Тоҷикистон бекор намуда, бо занони рус оила барпо мекарданд.
Ба даст овардани шаҳрвандии Федератсияи Россия ба муҳоҷирони тоҷик имтиёзҳои зиёде дода, натанҳо худи онҳо,балки зану фарзанд, падар модар ва дигар пайвандонашон низ аз ин имтиёзҳо баҳравар мегаштанд.
Бо шарофати гирифтани шаҳрвандии Россия волидонашон нафақаи хуб гирифта, ҳамсаршон барои тавлиди фарзанд сармояи калонеро соҳиб мешуд, вале акнун ин тоифа сари дуроҳа қарор мегиранд.
Мардоне, ки ин имтиёзҳоро аз даст додан намехоҳанд, маҷбуранд, ки ба комиссариатҳои ҳарбӣ рафта, худро дар қайд гузоранд ва дар вақти таъиншуда ба хизмати ҳарбӣ бираванд, дар акси ҳол натанҳо худашон, балки аҳли оилаашон низ аз шаҳрвандии Федератсияи Россия маҳрум карда мешаванд, агар лоиҳаи мазкур аз ҷониби Думаи давлатии Россия тасдиқ карда шавад.