Кадом шаҳрвандони ҶТ ҳуқуқи ба фарзандхонӣ қабул намудани кӯдакро надоранд?
Шаҳло, шаҳри Бӯстон.
Мувофиқи талаботи қисми 1 моддаи 127 Кодекси оила, шахсони зерин ҳуқуқи ба фарзандхонӣ қабул намудани кӯдакро надоранд:
- шахсоне, ки ҷои муайяни истиқомат надоранд;
- шахсоне, ки ҳангоми фарзандхондӣ барои содир кардани ҷинояти қасдона доғи судӣ доранд;
- шахсоне, ки суд барои содир намудани ҷиноят нисбати онҳо чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ таъин кардааст;
- шахсоне, ки суд онҳоро ғайриқобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф намудааст;
- зану шавҳаре, ки суд яке аз онҳоро ғайриқобили амал ё қобилияти амалаш маҳдуд эътироф намудааст;
- шахсоне, ки суд онҳоро аз ҳуқуқи падару модар маҳрум сохтааст ё ҳуқуқи падару модарро маҳдуд кардааст;
- шахсоне, ки ба сабаби иҷрои ғайриқаноатбахши ӯҳдадориҳои бо қонун ба зиммаашон гузошташуда аз вазифаи васӣ ё парасторӣ дур карда шудаанд;
- шахсоне, ки қаблан фарзандхонд доштанду вале фарзандхондӣ бо гуноҳи онҳо аз ҷониби суд бекор карда шудааст;
- шахсоне, ки аз сабаби беморӣ наметавонанд ҳуқуқи падару модарро амалӣ намоянд. Номгӯи бемориҳое, ки дар сурати мубтало будан ба онҳо шахс наметавонад кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул кунад, таҳти васоят (парасторӣ) гирад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.