Arzon march 2024
Киҳо метавонанд ба Олмон ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд?
615

Самтҳои муҳоҷирати меҳнатӣ торафт васеътар гашта истодаанд. Тавре ки вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Ҳасанзода Гулнора Кенҷа зимни нишасти хабарӣ гуфт, айни замон Тоҷикистон бо 17 давлат, аз ҷумла Литва, Латвия, Болгария, Черногория, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Миср, Қатар, Ҷопон ва Олмон шартнома доард ва шаҳрвандони худро ба ин кишварҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ фиристода метавонад.

Аз ҷумла ширкати“Rehnut GmbH”-и Ҷумҳурии Федеролии Олмон барои ҷабли 50 нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба кор дархост пешниҳод намудааст.

Тибқи маълумотномаи вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ин ширкати олмонӣ ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз 2600 то 2800 евро маош пешниҳод кардааст.

Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Германия дар соҳаи тандурустӣ ва технологияҳои иттилоотӣ фаъолият хоҳанд кард. “Rehnut GmbH “ ба муҳоҷирон даъватномаи ройгони корӣ мефиристад.

Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Олмон бо ҷойи хоб, либоси корӣ ва 1 вақт хӯроки гарми ройгон таъмин карда мешаванд. Донистани забони немисӣ ва доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи касбият ҳатмист.

Маълумоти муфассалро дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишварҳои хориҷӣ аз Хадамоти муҳоҷират ва Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон (суроға: ш. Душанбе, хиёбони Айнӣ 121) ё тариқи телефони 225-05-75 гирифтан мумкин аст.

Барои ба давлатҳои Аврупо, кишварҳои арабӣ ва дигар мамолики хориҷӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан, муҳоҷирони тоҷик бояд забонҳои хориҷиро ақаллан дар ҳадди гуфтугӯ донанд ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи касбият дошта бошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД