Сатмҳои муҳоҷирати меҳнатӣ торафт васеътар шуда истодаанд ва имрӯз Тоҷикистон ба чандин давлатҳои хориҷӣ қувваи корӣ интиқол медиҳад. Яке аз кишварҳое, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро қабул ва бо ҷойи кор таъмин менамояд, давлати Қатар мебошад.
Тибқи маълумоти Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, аллакай зиёда аз 400 нафар муҳоҷирони тоҷик барои кор ба ин кишвар сафарбар гашта, илова бар ин, маълумотномаи 1500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти кор дар ин кишвар пешниҳод шудааст.
Давлати Қатар дар як сол то 3500 нафар муҳоҷирони аз 21 то 45-солаи тоҷикро, ки доғи судӣ надоранд ва забони арабӣ ё ангилсиро дар ҳадди гуфтугӯ медонанд, ба кор қабул карда метавонад.
Музди меҳнат аз 500 то 800 доллар буда, ҳамчунин ба муҳоҷирон барои хӯрок иловапулӣ дода мешавад. Муҳоҷирони меҳнатӣ дар Қатар бо манзили истиқоматӣ, нақлиёт, суғуртаи тиббӣ ва иҷтимоӣ таъмин мегарданд.
Ба Қатар ронандагони таксӣ ва автобус, мошинҳои боркаш, операторони техникаи вазнин, механикҳо, барқчиён, таъмиргарони таҷҳизот, рангуборкунандагони автомобил, кафшергарон, устоҳои сохтмон, дуредгарон, насбгарон, кормандони меҳмонхона, аз ҷумла пешхизмат, ошпаз ва хизматгорони хона ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафарбар карда мешаванд.
Хоҳишмандон метавонанд ба Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ки дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 80 воқеъ гаштааст, муроҷиат намоянд.
Телефонҳо барои тамос:
Душанбе: 221-39-67, +992 55 555 10 80; +992 98 790 66 66, +992 91 839 15 75; +992 93 093 49 94, +992 93 113 71 71.
Хатлон: +992 90 580 00 63;
Суғд: +992 92 807 99 99;
ВМКБ: +992 93 510 14 39.