Вазорати корҳои дохилии кишвар аз марги фоҷиавии кӯдаки 4-сола дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Ҳодиса субҳи рӯзи 2-юми октябр, тахминан соатҳои 09:50 сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Хайландер» Муродзода Алишер Мухтор, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Саъдии Шерозӣ ба самти хиёбони Сино духтарчаи 4-сола Ҷамолова Кибриё Сафаралиевнаро пахш кардааст.
Дар натиҷа кӯдаки хурдсол ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.