Ҳанӯз 4000 сол пеш дар Мисри қадим тарбуз чун ғизою даво маълум буд. Он яке аз муфидтарин зироатҳои полезӣ ба шумор рафта, миқдори қанд дар таркибаш камтар аст. Фруктозаи таркиби тарбуз ба осонӣ дар организм ҳал мешавад.
Солҳои охир тарбузро яке аз воситаҳои беҳтарин барои тозакунии ҷисм аз ифлосиҳои гуногун мешуморанд. Тарбуз аз магний бой аст. Норасоии магний дар организм боиси баланд шудани фишори хун мегардад. Магний дар якҷоягӣ бо калсий фаъолияти системаи дилу рагҳоро мӯътадил нигоҳ медорад.
Ҳамчунин магний асабониятро рафъ намуда, ба кас оромӣ мебахшад. Дар таркиби 100 грамм тарбуз 224 миллиграмм магний мавҷуд аст. Аз ин рӯ, агар дар як рӯз 150 грамм тарбуз истеъмол намоед, ҷисматон бо меъёри шабонарӯзии ин элементи зарурӣ таъмин мегардад.
Тарбузро воситаи беҳтарини пешоброн ва давои дарди гурда мешуморанд. Дар он моддаҳои нитрогендор, витаминҳои В1, В2, С кислотаҳои фолиёвӣ, каротин, ки давои беморони қанд маҳсуб меёбад, мавҷуд аст. Тарбузро зимни табобати артрит, фаромӯшхотирӣ ва камхунӣ истифода мебаранд. Тӯлонӣ истеъмол кардани тарбуз илтиҳоби меъдаро даво мебахшад.
Донаи тарбуз аз равған (25-30%) бой аст. Хосияти пешобронии тарбуз ба беморони гирифтори гипертония, бемориҳои гурдаву роҳи пешоб фоидаи зиёд дорад.Табибон дар як ҳафта ду рӯз «парҳези тарбузӣ» карданро тавсия медиҳанд. Дар ин рӯзҳо ғайри тарбуз чизе хӯрдан лозим нест, танҳо каме нон истеъмол кардан иҷозат дода мешавад.
Гирифторони диабети қанд бояд дигар маҳсулоти карбогидратдорро кам намуда, бештар тарбуз истеъмол намоянд. Барои беморони зардпарвин низ беҳтарин ғизои парҳезӣ тарбуз ба шумор меравад.
Тарбуз дар таркибаш 90-95 фоиз об дорад ва он шифобахш аст, чун оби тарбуз дистиллатсияшуда мебошад. Табибон тарбузро беҳтарин ғизои парҳезӣ барои онҳое донистаанд, ки аз фарбеҳи ранҷ мебаранд ва мегӯянд, гирифторони фарбеҳӣ бо осонӣ метавонанд, вазнашонро коҳиш диҳанд. Дилаи тарбуз, дона ва ҳатто пӯчоқи он хосияти табобатӣ дорад. Барои таъмини шабонарӯзии ҷисм бо магний хурдани 150 грамм тарбуз кофист. Касоне, ки гирифтори фишори баланди хунанд, бояд ҳатман ба номгӯйи ғизои рӯзмарраашон тарбузро ҳамроҳ намоянд. Тарбуз холестеринро аз ҷисм берун мекунад, ки зимни бемориҳои дилу раг муҳим аст. Миёни тамоми набототи дигар тарбуз хосияти қавии пешобронӣ дорад. Ин хосияти тарбуз дар пӯчоқи он низ эҳсос мешавад. Аз пӯчоқи тарбуз ҷӯшобае тайёр кардан мумкин аст, ки барои муолиҷаи бемориҳои дилу гурда кӯмак мерасонанд. Чунин муолиҷаро тамоми сол метавон идома дод. Донаи тарбуз ҳам барои шустани санги гурда ва ҳам барои нест кардани кирм (гелминт)-ҳо воситаи хубе мебошад. Дар ин бобат донаи тарбуз бо донаи каду рақобат карда метавонад.
Тарбуз пӯсти рӯйро тароват бахшида, доғи кунҷитакро тоза мекунад. Барои ин, донаи тарбузро кӯфта, аз он малҳам тайёр мекунанд. Донаи тарбузро хушк намуда, зимистону баҳор барои табобати гурда ҳамчун давои беҳтарин истеъмол кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, донаи тарбузро напартоед.