Шавҳарам марди худотарсу намозхон, поквиҷдону хоксор ва босавод аст, вале як камбудӣ дорад-барои таъмин кардани ману фарзандонам мисли дигар мардон кӯшиш намекунад.
Дар як корхонаи давлатӣ аз саҳар то бегоҳ нишаста музди ночиз мегирад. Маошаш ҳатто ба ду ҳафта ҳам намерасад. Писарҳоям мактабхон шуданду вазъиятамон ниҳоят душвор гашт ва ман маҷбур шудам, ки ба кор дароям. Акнун шавҳарам «ту ҳам кор мекунӣ» гуфта, парвои оламро надорад. Мардони дигар нисфи саводи шавҳари маро надошта бошанд ҳам, дар 2-3 ҷой кор карда аробаи зиндагияшонро мекашанд, вале ин мардаки бепарвофалаки маро на ғами чӣ хӯрдану занаш ҳасту на парвои чӣ пӯшидани фарзандон, рӯзҳое мешаванд, ки дар хонаамон ба ғайр аз нон дигар чизе намемонад, вале марди хонадон дар як кунҷаки хона баҳузур нишаста телевизор тамошо мекунад. Кӯдаконам тез-тез бемор мешаванд ва ман маҷбур шуда аз падару додаронам пул мепурсам. Шавҳарам ҳатто намепурсад, ки кӯдак чаро дору мехӯрад, худашро ба кариву гунгӣ зада гаштан ӯро одат шудааст.
Мабодо хӯрок дертар тайёр шавад ё бемазза бошад, қаҳр карда, ҳафтаҳо бо ман гап намезанад. Боре мард шуда напурсидааст, ки дар хона ақаллан картошка ё пиёз дорӣ ё не. Фарзандонам донишҷӯ шудаанд, касе, ки дар хонааш донишҷӯ дорад, азоби маро дарк мекунад, ҳар рӯз ба онҳо роҳпулӣ, хӯрокпулӣ ва сару либос лозим аст. Шавҳари худотарсам боре аз фарзандони донишҷӯяш напурсидааст, ки шумо чӣ ҳол доред. Меҳмон барин саҳарӣ мебарояду бегоҳ аз дар медарояд. Ба наздикӣ падарам бемор шуда ба беморхона афтид. Чанд маротиба ба хабаргирияш рафтам, мӯйсафеди сода ҳамеша домодашро суроғ мекард. Азбаски беморхона дар наздикии коргоҳи шавҳарам аст, аз мағоза нону қаймоқ харида, субҳгоҳон ҳангоми ба кор рафтани шавҳарам аз ӯ хоҳиш кардам, ки сари роҳ як мӯйсафедро хабар гирад, вале бо қавоқи овезон гуфт, ки вақт надорад. Дилам чунон аз алам пур шуд, ки ба хонаи дигар даромада то дилам холӣ шудан гиря кардам.
Ҳар вақте ки шавҳарам маро ба хабаргирии модараш фиристад, суханашро ба замин нагузошта меравам, хизматашонро мекунам, вале падари ман, ки умре ҷиҳози хонаи маро харидаву ба мо кӯмаки молиявӣ мерасонад, қадру қимате надоштааст. Бар замми ҳамаи ин, хусурам пайваста писарашро дар назди ман ғайбат карда, ноуҳдабаро меномад. Мӯйсафед аз он ки писараш ба ӯ кӯмак намерасонад, дар ғазаб аст ва ӯро дар назди ман сиёҳ карда, гумон мекунад, ки писараш танҳо фикри фарзандонашро карда аз ҳоли ӯ хабар намегирад. Мехоҳам тавассути шумо ба хусурам бигӯям:
Амакҷон, фарзанди шуморо модари ман тарбият накардааст, ки камбудияшро ба ман гӯед. Шукр гӯед, ки ин қадар сол ман лабамро зери дандон гирифта бо фарзанди шумо тоқат карда зиндагӣ дорам!
М., ш. Душанбе