Темур Раҳимов, ҷудокори номдори тоҷик тавонист варзшигари 25-солаи олмонӣ Эрик Абрамовро бо ҳисоби 10 бар 1 шикаст диҳад.
Темур бо усули бӯғӣ кардан ҳарифашро маҷбур кард, ки мағлубиятро эътироф карда, аз сари роҳи қаҳармони мо дур шавад.
Акнун Раҳимов ба даври чорякфинал роҳ ёфт. Баъди чанде дар ин давр варзишгари тоҷик бо Алишер Юсупови ӯзбек вориди майдон хоҳад шуд.