Бо вуҷуди он ки аксари келину хушдоманҳо дар зиндагӣ бо ҳам муросо карда наметавонанд, боз ҳастанд оилаҳое, ки дар он келину хушдоман мисли дӯсту дугона бо ҳам меҳрубон ҳастанд. Чӣ бояд кард, ки байни келину хушдоман муҳаббату самимият вуҷуд дошта бошад ва келин хушдоманро мисли модару хушдоман келинро баробари духтараш дӯст дорад?
Ба саволи мазкур меҳмони навбатии гӯшаи “Маслиҳати хушдоман”, модари азиз, сокини деҳаи Шафақ, ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рўдакӣ Боймуродова Бибинисо чунин ибрози ақида намуданд:
- Дар хонадоне писар тавлид мешавад ва модар умедвор мегардад, ки рўзе писараш ба камол мерасаду ба хона шоҳдухтари орзуҳояшро меорад. Модарон бо сад ҳавас ҷиҳоз меғундоранд, барои келини оянда беҳтарин чизҳоро ҷамъ карда мемонанд. Чун вақташ расад, дастархонҳои зебо меороянду ба хонаи духтардор ба хостгорӣ мераванд ва тўю тамошо ороста, келинро ба хона меоранд.
Ҳар як хушдоман бояд аз хотир набарорад, ки келин ба хотири писараш ба хонаи ӯ омадааст ва давомдиҳандаи насли онҳо аст. Шукронаи духтарҳо, вале онҳоро чун ба шавҳар додем, дигар ба зиндагии худашон овора мешаванд. Хонаи ободи мо келин аст, субҳ то шом меҷунбад, пайи ободонии хонадон аст. Агар келин кори давлат кунад, барояш боз душвортар мешавад, тарбияи фарзандон, хизмати мову шавҳар заҳмати зиёдро талаб мекунад.
Пас, чаро келин духтар набошад? Роҳи асосии дўсту дугонаву худӣ шудан бо келин ҳамин аст, ки ўро чун фарзанди худат бояд қабул намоӣ. Ҳатто баъде, ки аз дунё мегузарӣ, келин чароғи хонадонатро равшан нигоҳ медорад. Он чизеро, ки ба духтарат раво намебинӣ, ба келин ҳам раво мабин. Келин фазои хонадони шуморо хуршедӣ ва табъатонро болида мегардонад.
Боқӣ, ба ҳама оилаҳои ватани азизам хушбахтӣ мехоҳам.
Суҳбати ЛОЛА