35 years of independency
Хушдомани беҳтарин дар Тоҷикистон кист?
06.10.2026
Oila.tj
139

Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оила дар ҷумҳурӣ озмуни “Хушдомани беҳтарин” баргузор гашта, ғолибон бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Мехоҳед бо хушдоманҳои беҳтарин шинос шавед? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!

Дар шаҳри Душанбе сокини ноҳияи Сино Қурбонгул Иброҳимова “Хушдомани беҳтарин” дониста шуд.

Дар вилояти Суғд ҷойи аввалро Зебохон Муҳиддинова аз Конибодом, ҷойи дуюмро Музаффара Олимова аз Истаравшан ва ҷойи сеюмро дар озмуни “Хушдомани беҳтарин” Улмасой Ғоибова аз Деваштич соҳиб шуданд.

Дар вилояти Хатлон бошад, Аноргул Сайдалиева аз ноҳияи Данғара дар озмуни “Хушдомани беҳтарин” сазовори ҷойи аввал гашта, ҷойи дуюмро Султонбӣ Қаюмова аз шаҳри Кӯлоб ва Шоҳзода Комилова аз ноҳияи Муъминобод соҳиб шуданд. Зинаи сеюм насиби Ёдгорбӣ Ашурова аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Розия Холова аз Ёвон ва Гулбаҳор Қазоқова аз Левакант гашт.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шоҳҷоизаи озмуни “Хушдомани беҳтарин” насиби Холбӣ Амонбекова аз Хоруғ гашта, Отамбегим Шакаршоева аз ноҳияи Шуғнон ҷойи аввалро соҳиб гашт. Моҳинав Рӯзадорова аз ноҳияи Рӯшон ва Розиямо Сиддиқова сазовори ҷойи дуюм, Гулоро Мизробова аз ноҳияи Роштқалъа ва Қурбумо Саидова аз ноҳияи Ванҷ сазовори ҷойи сеюм гаштанд.

Маросими ҷоизасупории ғолибони озмун бо иштироки муовини раиси шаҳри Душанбе Раҳмиддин Саломзода, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳло Ҳасанзода ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт ва бонувони фаъол баргузор гашта, ғолибон бо диплом, сипоснома ва мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Озмуни “Хушдомани беҳтарин” ҳамасола бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, коҳиш додани пошхӯрии оилаҳо, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва махсусан саҳми хушдоман дар пойдории оила гузаронида мешавад.

Аз нигоҳи шумо хушдомани беҳтарин кист? Фикру андешаҳоятонро дар шарҳи мавод нависед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД