Номае, ки имрӯз ба дасти мо расид, хилофи номаҳои пешин буда, ин навбат келине қалам ба даст гирифтааст, ки ба қавли худаш «ҷонаш аз дасти хушдоман ба лабаш расидааст.»
Мо номаи Назираро ба хотири риоя намудани принсипи гуногунандешӣ дар саҳифаи ҳафтанома ҷой додем, то модаршӯяш хонда, хатои худро фаҳмад. Шояд номаи пурдарди ин ҷавонзан ба хушдоманҳое, ки мисли хушдомани Назира ҳеҷ бо келин муросо кардан намехоҳанд, сабақ мешавад ва аз ин пас аз аспи ғурур фаромада, келинро ҳамчун дузди писарашону душмани худ не, мисли фарзанд қабул мекунанд. Ба Назира маслиҳат ё насиҳате дошта бошед, метавонед ба мо нависед ё занг занед!
Салом «Оила»-и азиз! Ман Назира, сокини шаҳри Душанбе ҳастам. Хушдомани ман одам не, офат аст, офат!!! Худо шоҳид, аз рӯзе, ки ба остонаи хонааш қадам гузоштам, аз дасти ин кампири ҷанҷолӣ як лаҳза ҳам нафаси осуда накашидаам. Ба бозор равам, маро фоҳиша мебароварду меҳмонӣ равам, кавалербозӣ рафтӣ мегуфт, ҳатто ба хонаи падарам волидонамро хабаргирӣ равам ҳам, гумони бад бурда мегуфт, ки дар деҳа ягон буққа ёфтааму ба назди ошиқам рафтам. Мабодо шавҳарам ба ман ягон гапи хуш гӯяд, бечора дар бало мемонд, модараш «ту занкалон ғуломи зан гаштаӣ» гуфта, қиёматро қоим мекард. Ин кампири серҷоғ бо ҳар баҳонаи ночиз ҳафт пушти маро дашному ҳақоратҳои болохонадор дода, ҷонамро ба лабам меовард, вале «одами пир аст, майнаи сараш қоқ шудагӣ, барои ҳамин чунин мекунад» гӯён, ба ҷангу ҷанҷолаш аҳамият намедодам. Рафта-рафта кампири ҷанҷолӣ ба қавли ҷавонони имрӯза «гузаронд» ва бо асои дасташ маро мезадагӣ шуд. Тоқатам тоқ шуда рӯзе ба сараш дод задам. Кампир «илоҳӣ ҷавонимарг шавӣ» гӯён, маро дуои бад карда, зада-зада аз дарвоза берун намуд. Ба шавҳарам занг зада гуфтам, ки корашро партофта ба хона баргардад ва қилиқҳои модарашро бо чашми худаш дида, пешашро бигирад, набошад, худи ҳозир ба милисахона рафта, ягон милисаро меорам. Шавҳарам дар як дам расида омад ва «чаро зани маро аз дар берун кардед?» гӯён, бо гапи хуб модарашро сари инсоф хонданӣ шуд. Кампири шайтон бардурӯғ оби дида рехта «занкалон, ту ҳамеша пушти занатро мегирӣ» гӯён, чунон доду фиғон бардошт, ки ногуфтанӣ. Хушдоманам мӯйҳои барф барин сап-сафедашро парешон карда, сарашро дошта бо тамоми овоз навҳа мекашид. Ҳамсояҳо ба тамошои мазҳакаи бе пули кампири шаттоҳ баромаданд. Шавҳарам аз шарм чӣ кор карданашро намедонист. Вай бо зориву тавалло модарашро ба хона даровард ва ба ман амр кард, ки аз хушдоманам бахшиш пурсам. Бегуноҳ бошам ҳам, ночор аз хушдомани бадтолам узр пурсидам ва ба хона даромада зор-зор гирякунон ба тақдири шӯрам ҳазорон бор лаънат хондам, ки маро дар чунин хонадон арӯс кардааст. Бахшиш пурсида бошам ҳам, модаршӯйи мағрурам маро набахшида бо ман қаҳрӣ шуд. Хӯрок пухта биёрам, пушташро ба дастурхон мегардонду чой кашида диҳам, пиёларо аз дастам намегирифт, ягон чиз пурсам, бо нафрат «дафъ шав аз назарам, ки рӯям ба рӯят назанад! Ту касофат маро бо писарам душман кардӣ. Ҷодугари худозада, бачаи маро ҷоду карда, хар карда савор шудаӣ» мегуфт. Суханҳои нешдораш аз ҷавшани ҷонам мегузаштанд, вале ҳурмати мӯйи сафеду хушдоманиашро нигоҳ дошта чизе намегуфтам. Аз байн ду рӯз гузашту ману шавҳарам ба бозор майда-чуйдахарӣ рафтем. Модаршӯям аз фурсат истифода бурда ба бачаҳои дар шаҳр зиндагӣ мекардааш занг зада, моро хуб ғайбат кардааст. Нав аз бозор баргашта дар полез гашнич мекоридем, ки қайниҳоям омаданд. Аз ваҷоҳаташон маълум буд, ки онҳо моро хабаргирӣ не, ҷангшавӣ омадаанд. Бародаронаш ҳатто салому алекро нася гузошта «сағераи касофат, чаро модарамро хор мекунӣ? Занкалони худозада, ба гапи зани шаттоҳат даромада кампири модаратро задӣ? Мо туро мекушем» гӯён, шавҳарамро зери мушту лагад гирифтанд. Кампир ба ҷойи ҷанги фарзандонашро халос кардан, аз дур занозании писарҳояшро тамошо карда қарсак мезад.
Шавҳарам бегуноҳ аст, барои чӣ ӯро мезанед? Айби модаратон шуд, маро аз дарвоза берун намекард, ягон гап намешуд» гуфта ба байн даромадам, то онҳоро халос кунам. Қайнии калониам мисли уқоб чанг зада аз мӯйи сарам дошт ва «ту киро гунаҳкор карда истодаӣ?!» гӯён, маро чунон зад, ки аъзои баданам сиёҳу кабуд гашт. Додаршӯйҳоям то хунук шудани дилашон ману шавҳарамро мурданивор кӯфтанду баъд модарашонро ба мошин савор карда ба шаҳр бурданд. Бо тану ҷони абгор шавҳари ниммурдаамро кашолакунон ба хона даровардам. Кампири морсифат ҳатто ба писари худаш раҳм накарда шавҳарамро зери мушту лагади бародаронаш монда маъюб кард. Акнун худатон фикр кунед, ки пас аз ин қадар кор чӣ хел ман дар бораи хушдоманам сухани нек бигӯям?! Наход дар дунё хушдоманҳо бад бошанд а?!
Шояд хушдоманҳои хуб ҳам ҳастанду фақат ба мани бетақдир чунин хушдомани золим насиб гаштааст?!