arzon replenishment
Хушдоманам набераашро кушт Қисми 2
26.08.2022
Нисо
1892
no-img

Хостгории аҷиб

Рӯзи дигар бегоҳӣ каме ширинӣ харидаму худам бо модарам маслиҳат накарда, ба хонае, ки он ҷо ними қалбам зиндагӣ мекард, рафтам. Дарро ба рӯям Қумрӣ кушод ва аз дидани ман дар чашмонаш ҳайрат нақш баст, ӯ дасту по гум карду баъд гуфт:-Оча, меҳмон…

Аз даруни хона овози марғуладоре омирона баланд шуд:

-Хай гӯй дарояд, меистад дар пушти дар?!- Қумрӣ маро ба меҳмонхонаашон дароварда шинонд, баъди чанде зани қоматбаланди сарднигоҳ вориди хона шуда, баъди саломуалейк гуфт, -нашинохтам шуморо.

Ман мақсади омаданамро гуфтам, ӯ бо қаҳр духтарашро ҷеғ зада гуфт:

-О меҳмони ту будаасту ман туро ба бозор шуковӣ фиристодам,- Қумрӣ бо дастонаш рӯяшро пӯшида гуфт:-Очаҷон, Худо кӯрам кунад, ки намешиносамаш,- ман чӣ хел ба духтарак дил бастанамро аз аввал то охир ба модараш нақл кардам, ғайри вохӯриямон бо кампирак. Хеле сӯҳбат кардем, зан дар бораи ман ҳама чизро фаҳмида гирифту бо лабханд гуфт,- нав дидам, ки домод худаш хостгорӣ биёяд ё модарат розӣ нест?- Ман гуфтам, ки модари ман ба дили ман нигоҳ мекунанд, агар ман розиям, пас ӯ ҳам розист.

Хулоса, баъди як моҳи ин гуфтугӯ модарам ба хостгорӣ рафту моро фотеҳа карданд. Қумрӣ ба модарам хуш омад, вале модари бадгапи қавоқияшро хеле бад медид. Тӯйи мо барпо гашту чилгазамӯямро бо карнаю сурнай вориди ҳавлӣ кардам, зиндагиямон чун асал ширин оғоз ёфт, вале..

                           Хушдомани хира

Қумрӣ бар зами зебоӣ ва ҳунармандияш, ин қадар хушмуомила буд, ки модарам зуд ӯро мисли духтараш дӯст дошт. Баъди ду моҳи тӯямон дахолати хушдоманам ба зиндагии мо оғоз ёфт, ӯ шабу рӯз телефон карда, аҳвол мепурсид. Меомад, рӯзи дароз болои кати зери ҳавозаи ангур по рӯи по монда шикоят мекард:

-Духтара кӣ зояду кӣ пояду фоидаашро кӣ бинад,-ғайри ман касе намедонист, ки Қумрӣ духтархонди хушдоманам аст, бечора модарам ӯро тасалло медод, ки “апа, ана духтари ман ҳам шавҳар карда рафт, ҳама духтарро Худо бахт диҳад. Ҳоло шумо ҳам келин мегиреду ҳузуру ҳаловаташро мебинед”, аммо хушдоманам мегуфт, ки “э ман хубаша наёфтам, се бетутуруқа Худо дар пешонаам навишта будааст”.

Маро аз ҷойи кор шашмоҳа ба Маскав барои хондан фиристоданд, пеш аз он ки ман ин хабарро ба зану модарам гӯям, Қумрӣ ба ман гуфт:

-Салоҳҷон, ман имрӯз ба духтур рафтам, мо се кас мешавем,-худи ҳамон рӯз занамро ба мошин шинонида, ба мағозаи ҷавоҳирот бурдаму барояш ангуштарии тилло харидам. Хурсандии модарам ҳам ҳадду канор надошт, як рӯз пеш аз рафтанам мо як маъракача кардему хешу таборро хабар намудем. Хушдоманам, ки табъаш ниҳоят хира буд, гуфт, ки “Қумриро танҳо монда меравӣ, ҷавонҳои ҳозира ҳамин хел”. Аммо модарам гуфт, ки “Қумрӣ бо ман мемонад, чаро ман келинамро танҳо мемондам”. Аз ин гапҳои модараш бечора занам хиҷолат кашид, вале пеши даҳони ӯро гирифта наметавонист.

                                           Қотил

     Баъд аз як моҳи рафтани ман Қумрӣ камтар бемор мешавад, шояд сабабаш ҳомилагӣ бошад, вале хушдоманам “шумо ӯро чурӣ карда, бемор кардед” гӯён бо модарам ҷанг мекунаду омада, занамро ба хонааш мебарад. Модару апаам ба хабаргирӣ раванд, дарашро намекушодааст. Ин гапҳоро шунида, чипта харида, якҳафтаина ба ватан омадам ва рост ба хонаи хушдоманам рафтам. Ин зани бераҳм пояшро ба як мӯза тиқонда мегуфт, ки “занатро ҳамроҳат ба Маскав бар, ман барои очаи ту чурӣ назоидаам!”. Бечора Қумрӣ зор-зор мегирист, бародараш бошад, модарашро ба инсоф мехонд, хушдоманам пиёлаеро ба сари духтараш ғуронда “мурдӣ аз бешӯира, ки ин қадар гиря мекунӣ” гуфт. Қаҳрам омаду фарёд задам, ки “хола, ҳамин ду бечорая мемондӣ дар ҳамун хонаи бачаҳо калон мешуданду роҳашонро меёфтанд, бадбахташон кардед! Ман занамро мебарам, хоҳед нахоҳед, фарзандамро сағира карданӣ нестам…” Ҳамин вақт хушдоманам аз гиребони ман гирифта гуфт, “ҳаромияро кашида партофтам, кадом луқмаи кадом саги дайду шуд”. Баъд фаҳмам, кӯдаки моро исқоти ҳамл карданд... Ба чашмони воқеан ба чашмони модагург монанди хушдоманам нигариста гуфтам:

- Духтаратро се талоқ кардам! Ман бо ту қотил сару кор доштан намехоҳам, туф бар ҳамаи шумо!

Модарам аз ғами хонавайронии ман ба бистар афтод, курси такмили ихтисосро хатм намудаму ба вазифаи баландтар гузаштам. Духтарони зиёде гирдам парвонаанд, аммо ман зан гирифтан намехоҳам. Аз он ки Қумрии бечораи бегуноҳро талоқ кардам, дилам хун аст, ман бояд ӯро аз чанги модархонди бераҳмаш халос мекардам, аммо ман….

Меҳроби пушаймон

Таснифи Нисо

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД