Commerce bank may-june 2026
Хушдоманам барқасди ман ба писараш зани духтар дод, вале...
19.06.2026
Oila.tj
131

Салом! Ман як ҷавонзани сивупанҷсолаи дар зиндагӣ шикастхӯрда ҳастам ва мехоҳам саргузаштамро нақл карда, аз дигарон маслиҳат пурсам.

Ману шавҳарам бо ишқу муҳаббат оиладор шуда будем, вале азбаски вай писари яккаву ягона буд, хушдоманам аз аввал рашк карда, ҳаёти моро талх гардонд. Шавҳарам маро дӯст медошт ва ба қавле рӯйи даст бардошта, эрка мекард, бароям либосҳои қиммат мехарид, шоколаду хӯрданиҳои болаззат меовард, тез-тез ба тамошои консеру сайругашт мебурд. Меҳрубониҳои писараш рашки хушдоманамро меоварданд ва байнамон низоъ андохта, оқибат оилаи хушбахти моро вайрон кард.

Баъди талоқамро гирифтан бо ду фарзанд дар нимароҳи зиндагӣ танҳо мондам, вале руҳафтода нашуда, ба донишгоҳ дохил шудаму соҳиби диплом ва ҷойи кори хуб гаштам. Пас аз ҷудошавии мо барқасди ман хушдоманам духтари хоҳарашро, ки нав мактаби миёнаро хатм карда буд, келин кард ва шавҳарам дигар аз тарси модараш ману фарзандонамро суроғ накард.

Барои он ки бачаҳоям хору зор нашаванд, ман дар ду-се ҷо кор карда, каме пул ҷамъ кардам.  Бародаронам ба болояш боз камтар пули дигар монда, бароям хона хариданд. Ҳамин тавр зиндагии ман дубора обод шуд, вале...

Ростӣ умедамро аз бозгашти вай кайҳо канда будам, зеро медонистам, ки аз зани наваш соҳиби фарзанд шуда, бо зиндагии худаш овора аст, аммо пас аз чанд соли ҷудоӣ падари фарзандонам боз пайдо шуда, зорию тавалло дорад, ки аз падару модараш пинҳонӣ дубора никоҳ карда, зиндагиамонро идома диҳем. Собиқ шавҳарам мехоҳад маро зани дуюм карда гирад. Ҳайрон мондаам, ки чӣ кор кунам.

Азобҳои аз дасти хушдоман кашидаам ҳанӯз аз ёдам нарафтаанд, вале аз тарафи дигар фарзандони маро ягон марди дигар мисли падари худашон дӯст дошта наметавонад. Маслиҳатам диҳед, чи кор кунам?

З., С., сокини шаҳри Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД