arzon replenishment
Хушдоманам аз рашк хонаи писарашро вайрон кард
14.08.2024
ОИЛА.ТҶ
1212

Салом! Ман зодаи шаҳри Норак ҳастам, вале ду сол пеш дар ноҳияи Фархор шавҳар кардам. Аз рӯзҳои аввали хонадориямон хушдоманам писарашро ба ман рашк мекард. Бо шавҳарам суҳбат карданамонро бинад, ҳар чизи аз пешаш баромадаро сӯйи писараш ҳаво дода, дод мезад, ки зану шавҳар бояд фақат шабона пинҳон аз чашми мардум дар танҳоӣ суҳбат ва шӯхию бозӣ кунанд. Намемонд, ки ману шавҳарам як лаҳза дами беғам занем. Ба ягон ҷо рафтанӣ шавем, баҳона пеш меовард, ки даст ба даст дар кӯча гаштани арӯсу домоди нав айб аст. Вай ҳатто баъзан шабона духтарашро маҷбур мекард, ки дар хонаи хоби мо хоб равад. Шавҳари ман яккаписар аст, фикр мекунам аз ҳамин сабаб модараш ин қадар рашк мекард.

Хулласи гап, баъди 11 моҳ писар таваллуд кардам. Шавҳарам аз тарси модараш на ба таваллудхона ва на ба хонаи модарам барои дидани фарзандаш наомад.

Ҳамин тавр аз байн 2-3 моҳ гузашт ва хушдоманам набераашро талбид. Волидонам гаҳвора ва дигар чизҳои заруриро хариданд ва бо риояи тамоми расму русум маро ба хонаи шавҳарам бурда монданд. Хушдоманам бар замми бадрашкиаш боз бемории рӯҳӣ доштааст. Мегӯянд, ки ҷин дорад. Кӯдакам бемор шавад ва ӯро ба беморхона бурданӣ шавам, қиёматро қоим мекард, ки аз дорую уколи бисёр ту ҳамин бачаро мекушӣ. Ба хотири он ки зиндагиам вайрон нашавад, ба ҳамааш тоқат карда, дар чормоҳагии писарчаам боз ҳомила шудам. Хушдоманам аз ин хурсанд набуд ва билохира моро аз ҳам ҷудо кард.

Дар асл хушдоманам аз хусурам 3 сол калон аст. Хусурам зани дигар доштааст ва хушдоманамро, ки пирдухтар шуда будааст, ҳамчун зани дуюм ба никоҳаш даровардааст. Бо мурури замон хушдоманам бо зӯрӣ зани якуми шавҳарашро аз дар берун карда хонаву дари ӯро соҳиб шудааст. Акнун тасаввур кунед, зане, ки ба хотири хушбахтии худаш бахти зани дигареро сӯзондааст, магар ба зани писараш раҳм мекунад?!

Ҳозир ман бо ду фарзанд дар хонаи волидонам зиндагӣ мекунам. Имсол донишгоҳро хатм кардам. Писару духтарам калонтар шаванд, дар ягон мактаб ба кор медароям.

Намехоҳам дубора ба хонаи шавҳарам баргашта, азобҳоеро, ки модаршӯй ва қайсингилам ба ман доданд, дубора таҷриба намоям. Илтимос, номаамро дар сомонаатон нашр кунед, то ки зиндагии ман ба дигар падару модарон дарси ибрат гардад ва духтаронашонро ба яккаписар надиҳанд, зеро 90 фоизи модароне, ки 1 писар доранд, писарашонро ба келин рашк мекунанд.

З. О.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД