Sebiston new 2024 october
Хушдоман - "сарпӯши дег" (ҚИСМИ 3)
28.08.2024
АРДАШЕР
1407

- Келини Шаҳбонуро мешиносед?,- якбора аз келинаш пурсид Муҳаббат.

- Не, ҳоло намешиносам, модарҷон.

- Ҳамсояи рӯ ба рӯямон Шаҳбону ном дорад. Шаҳбонуи рӯймолдӯз мегӯянд. Келинаш доимо ба ҳамсояҳо ӯро ғайбат мекард. Як рӯз ҳамсояи дигарамон суханҳои келини Шаҳбонуро сабт мекунад ва ба Шаҳбону гӯш мекунонад. Қариб як сол келину хушдоман бо ҳам қаҳрӣ мешаванд. Барои ҳамин, на ғайбати касеро гӯш кунеду на ғайбат кунед.

Айби авсунатонро ба ҳеҷ кас нагӯед. Аз зери нохун чирк наҷӯед. Бо авсунатон мисли апаву хоҳари воқеӣ шавед. Агар авсунатон кореро накард, шумо кунед. Фарзандони авсунатонро дӯст доред, онҳоро эҳтиром кунед. Авсун марҳами ҷон аст. Инро баъди гузашти солҳо дарк мекунед. Агар бемор шавед, ё гирифтори ғаму андуҳе гардед, ҳамин авсун ба шумо ҳамдаму ҳамроз мешавад. Аксари келинҳои ҷавон дар аввал бо авсунашон он қадар унс намегиранд, вале рафта-рафта дар дами пирӣ бо ҳамдигар мисли дугона мешаванд.

Хушбахтии ҳар инсон дар дасти худи ӯст. Пас, хушбахтиро созед. Бахт ашёе нест, ки аз бозор харида, дар бисоти духтар ё писар гузоранд. Бахт дар натиҷаи маърифати баланди зану шавҳар пайдо мешавад. Пас барои хушбахтии худ, шавҳар ва фарзандонатон кӯшиш кунед.

Оиларо ду ҷавон бунёд мекунанд ва барои мустаҳкамии он ҳарду масъуланд. Ба ҳамдигар ҳамдам ва як тану ҷон бошед. Ман хушбахтии шуморо мехоҳам, зеро хушбахтии шумо хушбахтии писарам ва хушбахтии писарам хушбахтии ман аст.

- Келинҷон, ин суханҳо аз таҷрибаи оиладории ман буд. Бовар дорам, ки ин насиҳатҳоро модаратон ба шумо гуфтаанд, ба ҳар ҳол, ман як гӯшрас кардам.

- Барои насиҳатҳо ва машваратҳои муҳиму муфидатон ташаккур, модарҷон,- дастонашро пеши бар гузошта, изҳори сипос кард Моҳрӯ.

Муҳаббат бо ҳавас ба келинаш нигариста, гуфт:

- Ба келини боҳушу бофаросатам садқа шавам.

Сипас ҳарду барои пухтани оши палов гузаштанд.

***

Аз байн солҳо гузаштанд. Муҳаббат ҳар рӯз ба келинаш рӯзгордориро меомӯхт. Дар ин баробар ҳунари дӯхтану сохтани тоқӣ, рӯймолдӯзӣ, кашидадӯзиву попурӣ ва дигар ҳунарҳоро меомӯзонд. Моҳрӯ ҳам ба корҳои хона ва ҳам ба ҳунармандӣ машғул мешуд. Ҳатто боре дастранҷи ӯ дар як фестивали байналмилалӣ сазовори ҷоиза гардид. Моҳрӯ ин ҳама дастовардҳояшро заҳмату меҳнатҳои хушдоманаш меҳисобид, зеро маҳз бо дастгирии ӯ соҳиби ҳунар ва обрӯву эътибор гардида буд.

Боре Моҳрӯ бо дугонаи мактабияш дар як озмун вохӯрду аз ҳолу аҳвол ва оилаву рӯзгордорӣ ҳамсуҳбат шуд. Моҳрӯ чӣ тавр аз хушдоманаш панҷ-шаш ҳунар омӯхта, сазовори ҷоизаҳо шуданашро бо ҳавас мегуфт. Дугонааш бошад, оҳи чуқуре кашиду гуфт:

- Дугонаҷон, ба ту ҳавасам меояд. Чӣ қадар хушдомани хуб доштаӣ. Хоки пойи ин гуна хушдоманро ба чашмонат тӯтиё кун. Кош ман ҳам хушдоман медоштам. Мо ки хушдоман надорем, ҳар рӯз хонаамон нотинҷист. Аз як тараф хусураму шавҳарам, аз тарафи дигар авсуну хоҳаршӯям... Эҳ, хуллас, бо онҳо муросо кардан амри маҳол. Агар ман ҳам хушдоман медоштам, зиндагиям босаодат мешуд, вале афсӯс... Ҳар лаҳза тангдастиямро эҳсос мекунам, давраҳои бо хушдоманам зиндагӣ карданамро ба ёд меораму борон мегирям. Мегирям, ки чаро дар вақти зинда буданаш бо тамоми вуҷудам ӯро эҳтирому парвариш накардам. Эҳ, дугонаҷон, ба қадри хушдоманат рас. Пир ҳаст, тадбир ҳаст гуфтаанд. Оилаи мо аз набудани хушдоман парешон аст.

Моҳрӯ ба суханони дугонааш ҳамроҳ шуда, гуфт:

- Бале, воқеан хушдоман сарпӯши дег аст. Ҳама камбудиро рафъ месозад, оиларо танзим мекунад, сарфаю саришта мекунад, сарриштаи ҳамаи мушкилиро меёбад, хушдоман бошад, дар хона ҳама осуда мехобанд. Файзу баракат аз будани хушдоман аст. Хушдоман набошад, хона бенур, мисоли зулмот аст. Хушдоман ҳаст, ки фарзандони мо, келинҳо боодобу ботарбия ба воя мерасанд. Хушдоман ба келинаш тамоми ҳунарҳои доштаашро меомӯзонад. Хушдоман модар аст, модар фариштаи рӯйи замин. Пас ба қадри хушдоман расем, ҳамин тавр не, дугонаҷон?

Дар урфият ҳам беҳуда нагуфтаанд:

Хушдоманҷон хушдоман, дардба дармон хушдоман,

Аз барои келинаш, балогардон хушдоман.

АРДАШЕР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД