Дар фарҳанги оиладории миллати тоҷик тарбияи фарзандон ва хушбахт будани онҳо меҳвари асосии оила ҳисобида мешавад ва масъулияти аввалиндараҷаи волидайн дурусту баркамол ба воя расонидани фарзандон мебошад. Барои хушбахтии фарзандон заҳмати волидон дар ҷойи аввал меистад. Чӣ бояд кард, ки падару модар масъулияти бузурги ба дӯш доштаи худро дуруст ба роҳ монда тавонанд?
Ба саволи мазкур меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман», сокини шаҳри Исфара Мавлуда Мунаварова посух мегӯянд.
- Барои мустаҳкамии оила фарзандонамонро бояд тарзе тарбия намоем, ки сирри оилаи худро берун набароварда, забонашонро аз гуфтори беҳуда нигоҳ доранд. Ба духтарон тамоми ҳунарҳои занонаро омўзондан лозим, то фардо дар оилаи нав азоб накашанд. Аз азал калонсолон роҳбалади ҷавонон буданд ва онҳо бояд аз рўи насиҳатҳои пирони барнодил кор кунанд, зеро онҳо таҷрибаи хуби зиндагӣ доранд.
Оромии оилаҳои ҷавон бисёртар ба хушдоманҳо, модари духтар ва модари писар вобаста аст. Ҳазорон сипос ба хушдоманҳое, ки фарзандони солимро ба дунё овардаву тарбияи хуб додаанд. Ба гуфти калонсолон, хушдоман деги сарпӯшдор аст, барои ҳамин, бояд рисолати худро ба анҷом расонида, оилаҳои ҷавонро ба сабру тоқат ва лутфу меҳрубонӣ роҳнамоӣ кунем.
Мавод дар ҳамкорӣ бо гурўҳи фейсбукии «Нигоҳи зан» нашр мешавад.