Чанд аҳза қабл роҷеъ ба гум шудани як истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, иттилоъ додем, ки рӯзи 28.04.2023 қаҳр карда, аз хона баромада рафта буд.
Хушбахтона, наздиконаш бо идораи сомона тамос гирифта, аз пайдо шуданаш иттилоъ дода, ба ҳамаи онҳое, ки ба хотири дарёфти ӯ кӯмак карданд, ташаккур гуфтанд.
Аз идора: Аз падару модарон хоҳиш менамоем, ки наврасону нобилғонро бе назорат нагузоранд.