Sebiston new 2024 october
Хунрав шудани зан нишонаи касалии саратон аст?
27.02.2022
Оила
3024

Салом! Ман ҷавонзани 28-сола ва модари 2 фарзанд ҳастам. Пештар аз саломатиам ягон шикоят надоштам, шукри худо бе кӯмаки ягон табибу духтур соҳиби ду тифлаки дӯстрӯяк шудам, вале аз чӣ бошад, ки вақтҳои охир тез-тез хунрав мешавам. Мехоҳам сабаби хунравӣ ва роҳҳои табобаташро бифаҳмам.
Саидабону, аз ноҳияи Панҷ

Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ
Маъмулан хунрезиҳои бачадон нишонаи бемориҳои гуногуни занона мебошанд. Саратони гарданаи бачадон, илтиҳобҳои гуногуни узви ниҳонӣ ва ихтилол дар фаъолияти тухмдонҳо, инчунин миомае, ки таҳти пардаи луобии бачадон пайдо шуда, инкишоф меёбад, метавонад боиси хунравии берун аз давраи қоидагии моҳона гардад, бинобар ин, шуморо лозим аст, ки ҳатман аз ташхиси УЗИ гузаред. Сарчашмаи дард, ки аниқ шуд, табобаташ осон хоҳад гашт. Алҳол ман ба шумо танҳо чанд давои оддиро барои манъ кардани хунравӣ тавсия медиҳам, вале баъдан ҳатман вақт ёфта аз ташхис гузаред.

Нусхаи аввал:
Гиёҳҳо газна ва ҷағ-ҷағро ба андозаи баробар гирифта бо ҳамдигар омехта намоед ва 10 грам аз ин таркибро дар 200 грам оби ҷӯш дар термос дам карда рӯзе 3 маротиба бинӯшед.

Нусхаи дигар
Дар тибби суннатии бисёре аз кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Урупо ва Русия шоҳтути заминӣ дар табобати бемориҳои занона мақоми баланд дорад. Ин меваи биҳиштӣ дард ва нороҳатиро дар замони қоидагӣ кам карда, хунрезии беш аз андозаро кам ва манъ карда метавонад. Шоҳтути заминӣ ҳамчунин зоидани занро осон менамояд. Шоҳтутро барои табобати бачадони поён фаромада ва дилбеҳузурӣ низ мехӯранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Махина 2023-11-03, 22:20
Салом аз чи сабаб бошад баьди алокаи чинси Хун пайдо мешава
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Махина 2023-11-03, 22:20
Салом аз чи сабаб бошад баьди алокаи чинси Хун пайдо мешава
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД