Sebiston new 2024 october
Хунбаҳо Қисми 2
15.08.2022
Дилошӯб
1960

«Наҷотбахш»

Касе ба холаи Моҳбегим хабар овард, ки як кампири узбеке дар як деҳаи дурдаст ба ҳамин гуна оилаҳои «бачамур» ёрӣ медодаст ва касе аз хонааш ноумед нарафтааст. Шумқор кофта-кофта, хонаи кампири Улбошро ёфт ва ўро ба мўҳлати як ҳафта ба хонааш овард. Кампир аловгардон карду баъд ба Гулсифат фармуд, ки хамир шӯрида, чалпак пазад, ҳафт чалпаки тухмдор, кампир ба чалпакҳо дуо хонда, ба холаи Моҳбегим гуфт, ки онро намози шом бурда, ба ягон саги бачадор, мурғи ҷўҷадор ё гови гӯсоладор хўронад ва дарди келинаш ба ҳайвон мегузараду ў кўдаконашро зинда мегирад. Холаи Моҳбегим чалпакҳоро дар косае гирифта, баъди дамидани шом ба кўча баромад, кампири аз ғаму ғуссаи набераҳояш равонбемор, онро на ба ҳайвон, балки ба ҳамсояи камбағалашон Қимматбӣ, ки даҳ бача дошту ёздаҳумашро зоида дар чилла буд, доданӣ буд. “Худо маро бубахшад, Қиммат ёздаҳ бача дорад, яктаҳакаш мурд ҳеҷ гап не”,- дар дил худро сафед мекард кампир. Вале нав ба хонаи Қиммат ворид шуданӣ буд, ки саги ў Сафедак сўяш ба ҷаккидан даромад. Модасаг ҳар сол ҳамроҳи соҳибаш таваллуд мекард, мардум бо шӯхӣ мегуфтанд, ки Сафедаку Қиммат дар таваллуд кардан мусобиқа доранд. Холаи Моҳбегим аз тарс чалпакҳоро сўйи Сафедак ҳаво доду лаълии равғанолудро бошад, дар рӯдаки тезоб партофта, ба хонааш баргашт. Кампири Ўлбошро бо тўҳфаҳои зиёд ба хонааш гуселониданд ва Гулсифат умедвор шуд. Пас аз чанде Сафедак пушти дари хонаи онҳо пайдо шуда, нӯлаи пурсўз мекашид. Холаи Моҳбегим сагро зада пеш мекарду аз қафояш “э сари соҳибата хўрӣ” гўён, пичиррос мезад. Як рўз хола дар кўча Қимматро вохўрда, аз Сафедак шикоят кард, зан бо алам нақл кард, ки Сафедак шаш кучуки хушрўяк таваллуд карда буд, ҳамааш фавтиданд ва акнун шабу рўз кораш нӯла кардан аст. Дили холаи Моҳбегим сип-сиёҳ шуд, зеро медонист сабаби марги ҳайвонакҳои бегуноҳро.

                            Хунбаҳо

Гулсифат дугоник таваллуд кард, ду шоҳписар, Ҳасану Ҳусейн номашон ниҳоданд. Ҳама ба тори мўйи тифлакон меларзиданд, кампири Улбош касал буду Шумқор роҳи дарозро тай карда, ду бор кўдаконашро назди кампир бурд. Тифлакон яксола шуданд, онҳо донояку зебо буданду зуд роҳгардон шуданд. Дили бибиву бобо, падару модар каме оромиш ёфта буд, ки Сафедак боз ба нағмаҳояш оғоз кард. Шаш бачаи тирамоҳ таваллуд кардааш ҳам мурданду модасаг пушти хонаи холаи Моҳбегимро «иҷора» гирифта, аз таҳти дил нӯла мекашид. Кампир ўро бо сангу кулух пеш мекард, вале ҷонвар боз пайдо мешуд. Гулсифати бехабар аз изтироби қалби модаршў назди сафедак устухон мепартофту сарашро сила мекард, вале саг сўяш меғуриду ба вай нимнигоҳ намекард. Як нисфирўзии гармаки тирмоҳ кампири Моҳбегим райҳону пудинаҳои барои зимистон хушк намудаашро дар ўғурак куфта, дар қуттичаҳои махсус пур мекард, ки овози ғиреви кўдакон баланд шуд. Набераҳояш акнун якунимсола шуда буданду дар зери садаи пир бозӣ мекарданд, падару бобояшон дар кор буданду модарашон хамир мешӯрид. Кампир бо пойҳои дардмандаш лангон-лангон назди набераҳо рафт. Ҳусейн дар гўшае чиррос мезаду Сафедак бошад, бо дандонҳои тезаш пойи Ҳасанро мехоид, кампир дигар чизеро ёд надорад, чун ба худ омад, як нисфи танаш кор намекарду болои сараш духтурон ҷумбуҷӯл доштанд. Кампир ҳушёр шудан замон аз набераҳояш пурсид, духтур ўро ором карда гуфт:

-Ҳамааш хуб аст, набераатон осеби кироӣ надидаст…

То набераҳояшро наздаш наоварданд, дили холаи Моҳбегим ором нагирифт. Ҳусейн сар то по докапеч буд, Сафедак ўро накуштаасту бас. Баъди ин фоҷиа касе дигар сагро дар деҳа надид, кампири Моҳбегим се сол рўйи бистар беморӣ кашида, оламро падруд гуфт. Ҳасану Ҳусейн ба воя расидаанду Шумқору Гулсифат соҳиби ду писару ду духтари дигар гаштанд. Ин воқеаро ба ман кампири аммаам, дугонаи ҷонии холаи Моҳбегим нақл карда буд. Ман ҳайрон мешудам, ки чаро Ҳасану Ҳусейн, муаллимони машҳур, паҳлавонони гӯштингир, ҷавонони ҳузарб аз саг сахт метарсанд. Ҳатто аз саги оромтабиати мо Абҷир, ки додаронам мисли хар савораш мешуданд. Гоҳо ба ҳолашон механдидам, модарам даст афшонда мегуфт, ки дар кўдакӣ аз саг тарс дидаанд.

Аммо аммаам сирри ин муамморо ба ман кушод, аҷаб таззодҳое дорад зиндагӣ. Асрори азалаш ҳамин аст шояд?!

                                                                               

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД