Sebiston new 2024 october
Худро дар чеҳраи дигар дидан дар хоб чӣ таъбир дорад?
1345


Салом! Ман баъзан хобҳои бисёр аҷиб мебинам ва чанд рӯз фикр мекунам, ки хоби дидаам чӣ таъбир дошта бошад.

Дар хобам гоҳо худамро дар чеҳраи каси дигар мебинам, гоҳи дигар хоб мебинам, ки ягон одами шиносам ба қавли маъруф пӯсташро дигар кардааст. Мехоҳам донам, ки чаро чунин мешавад?

Умуман, худро дар чеҳраи каси дигар хоб дидан хуб аст ё бад?

Мастура аз н. Шаҳристон

Посух

Хоҳари азиз, баъзе одамон фантазияи бисёр бой доранд ва ҳатто вақти хоб буданашон майнаашон боист кор карда, фикру хаёлбофӣ мекунад, аз ҳамин сабаб хобҳои фантастикӣ мебинанд. Аммо ин чунин маънӣ надорад, ки танҳо одамони хаёлпараст чунин хобҳои аҷиб мебинанд. Худро дар чеҳраи дигар хоб дидан метавонад рамзи сар задани ягон ҳодиса ё воқеаи хуб ва ё бад дар ҳаёти шахси хобдида низ бошад.
Тавре ки дар хобномаҳо омадааст, агар кас хоб бинад, ки ба ҷодугар табдил ёфтааст ё фолбинию соҳирӣ карда истодааст, хатари суст шудани имон ва тағйир додани дин ба чунин шахс таҳдид менамояд. Аммо дар хобатон худро дар чеҳраи ягон олими намоён бубинед, дар ҳаёти шумо тағйиротҳои хуб ба амал омада, ба зинаҳои хеле баланд мерасед ва дар байни ҷомеа сазовори обрӯю эътибор мегардед.
Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки ба пӯсти каси дигар даромадан дар хоб нишонаи розӣ набудан аз симои зоҳирӣ ва дунёи ботинии худ мебошад. Аммо баъзе таъбиргарон дидани чунин хобро рамзи сар задани ҳодисаҳое мешуморанд, ки шахси хобдида аслан интизорашон нест.
Кас хоб бинад, ки ягон одами шиносаш ба ҳайвон табдил ёфтааст, бояд ба рафтору кирдори атрофиёнаш бодиққат назорат намояд, зеро чунин хоб аз он гувоҳӣ медиҳад, ки касе мехоҳад шахси хобдидаро фиреб диҳад. Аммо дар хобаш худи шахс ба ҳайвон табдил ёбад, бо хиёнати дӯсти наздик ё шахси дӯстдоштааш рӯ ба рӯ гашта метавонад.
Хулоса, тавре ки дар хобномаҳо омадааст, худро дар чеҳраи дигар дидан рамзи сар задани тағйирот дар ҳаёти шахси хобдида мебошад. Чунин хоб метавонад ҳамчунин нишонаи комилан дигар шудани нигоҳи шахс ба ҳаводис ва тағйир ёфтани муносибати ӯ ба зиндагӣ ва атрофиёнаш низ бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД