ИДОМААШ...
Дуои мустаҷоб
Бародари Анзурат Эраҷ дар бонк кор мекарду занаш Нозия муаллимаи забони англисӣ буд.
Нозия духтари раиси номдоре буд, вале бо меҳрубониву хушахлоқияш дар муддати кӯтоҳ дили кампири олуфтаро ёфт. ӯ то нисфи рӯз кору бори хонаро мекарду баъд ба кор мерафт, дар сменаи дуюм фаъолият мекард. Кампир Нозияро он қадар дӯст медошт, ки худаш хӯроки шом мепӯхт, то арӯсак аз кор омада, боз ташвиш накашад.
Анзуратро низ ба ҳурмату эҳтироми янгааш талқин мекард: “Янгата нигоҳ карда нашин баррекам, хез, оҳуча барин давон-давон ҳама коратро кун”,- мегуфт ҳамеша кампир. Анзурат ҳеҷ гоҳ гапи бибиро ба замин намегузошт, янгааш низ аз ӯ ва кампир ризо буду дӯсташон медошт. Амакҳояш мисли пешин, дар як моҳ як бор омада, маҳфил барпо карда мерафтанд, анъана давом дошт, ҳамун хел маводи хӯрока меоварданду акнун ба дасти бибияш пул медоданд. Бибияш пули зиёде дошт, як рӯз янгаашро наздаш ҷеѓ зада, ҳама пулҳоро ба дасташ доду гуфт:
-Арӯсҷон (бибияш янгаашро ҳамин гуна ном мебурд), рафта бо ҳамин пулҳо барои Анзурат ороишоти зебо бихар, ба ту бовар дорам. Ман дуо кардам, ки то сари соли бобоят нарасам, боз намурам,- бибияш инро гуфту ширин хандид.
Янгааш “майлаш” гуфта, пулро гирифту кампиракро ба оѓӯш кашида, “не, бибиҷон, ин хел нагӯед, шумо давлати сари мо ҳастед” гуфта, аз рухсори пурожангаш бӯсид. Рӯзи дигар Нозия гӯшвору ангуштарию дастпонаи тиллоӣ харида омада, ба кампир ҳисобот дод. Модаркалон як ангуштаринро ба дасти Нозия дод, янгааш неву нестон карда буд, ки “ин ба ту не, Худо хоҳад, писар таваллуд мекунӣ, инро ба келинат дар таги чодар тӯҳфа намо”. Пас аз як моҳи ин гуфтугӯ модаркалони порсою қуръонхон ва як умр рӯзадораш як рӯзак бемор шуда, ҷонашро ба ҷонофарин супорид.
Келинҳои масхарабоз
Рӯзи марги кампир як мотами талх шуд, Нозияву Анзурат талх нола мекарданд, аммааш булбул барин дар ҳаққи модараш нола мекард. Занҳои ҳамсоя низ некиҳои ӯро ёд карда, овоз меандохтанд, танҳо келинҳо хомӯш буданд. Модари Анзурату зани як амакаш поёни пойи ҷасад нишаста, беовоз мегиристанд, се янгаи таннозаш бедарак буданд. Нозия, ки ҳомиладор буд, аз гиристани зиёд беҳол шуду ӯро берун бурданд. Анзурат низ аз қафои янгааш буромад то бинад, ки чӣ шуд, Нозия дар хонаи худаш каме ба худ омада буд. Духтар боз ба назди аммаи гирёну нолон ва модаркалони беҷонаш рафтанӣ буд, ки аз хонаи шафат садои баланди хандаро шунид. Ӯ пардаи тирезаи кушодаро баланд карда дид, ки янгаҳояш бо шӯхӣ дар чашмони ҳамдигар пиёз мемоланд. “Чашмонамон суп-сурх мешаванду гумон мекунанд мо аз гиря мурдем” мегуфт зани амаки калонаш аз ханда суст шуда, Анзурат ба зӯр худашро дошта, аз назди тиреза дур шуд.
Модаркалонашро ба хок супориданд, дарди марги модаркалон як тараф буду беимонии янгаҳои масхарабозаш як тараф. Анзуратро як ҳиссаи шаб хоб бурд ва ӯ бибияшро хоб дид, модаркалонаш дар тан либосҳои сабзи зебое дошт, ӯ Анзуратро ба оѓӯш кашида гуфт:
-Ту бо янгаҳоят ҷанг накун, оҳубарраи мома, инҳо то умрашон боқист, мегирянд, нахоҳанд ҳам мегирянд, аз сӯзиши ҷони ширинашон мегирянд…
Анзурат аз хобаш хесту зор-зор гия кард, ҳама болои сараш ҷамъ омаданд, алаккай субҳ медамид. Анзурат хоби дидаашро дар ҳузури ҳама нақл кард, чунон хомӯшие ба миён омад, ки пашша пар занад, мешунидӣ. Янгаи калонияш лабашро бурма карда гуфт:
-Хоб дидӣ, Анзуртаҷон, ин хоб аст…
Онҳо аз шарм намедонистанд чӣ гӯянд, зеро Анзурат сари дард ба чашмонашон пиёз молидани онҳоро низ гуфта фиристод…
Пас аз сари модаркалонаш, янгаи калонияш ба бемории саратони бачадон гирифтор гашт ва шабу рӯз мегирист, ҷавону ормонӣ аз дунё рафт. Духтари амаки дигараш бо ду кӯдаку дар батн тифли шашмоҳа худро оташ заду ба таври фоҷиавӣ ҳалок шуд, ӯ дар ҳамсоягии волидонаш зиндагӣ мекард. Арӯс овардани домодашу дидани ду писари саѓири духтараш янгаашро ба беморӣ андохт, вай дар ҳама мурдаҳо нолагар аст. Амаки сеюмашро дар ҷангҳо куштанд, нав миёни янгааш рост шуда буд, ки сиёҳпича шудани духтари кенҷаву хонадору чор фарзанддораш ба ҷигараш кордча зад…
Анзурат ба янгаҳои як вақтҳо гули қаҳқаҳаашу имрӯз нолону гирёнаш нигариста мегуфт:
-Худозада бошу арвоҳзада не…
АНҶОМАШ...