...Бародари Анзурат Эраҷ дар бонк кор мекарду занаш Нозия муаллимаи забони англисӣ буд. Нозия духтари раиси номдоре буд, вале бо меҳрубониву хушахлоқияш дар муддати кӯтоҳ дили кампири олуфтаро ёфт.
Ӯ то нисфи рӯз кору бори хонаро мекарду баъд ба кор мерафт, дар сменаи дуюм фаъолият мекард. Кампир Нозияро он қадар дӯст медошт, ки худаш хӯроки шом мепӯхт, то арӯсак аз кор омада, боз ташвиш накашад. Анзуратро низ ба ҳурмату эҳтироми янгааш талқин мекард: “Янгата нигоҳ карда нашин, баррекам, хез, оҳуча барин давон-давон ҳама коратро кун”,- мегуфт ҳамеша кампир...
Сарвиноз баъди модар бародарашро низ аз даст дод
...“Марги ту ҷисму ҷонамро сӯхт. Ҳоло сӯзиши модар аз дилам нарафтааст, ту бошӣ, бо рафтанат ба захмҳои тозаам намак пошидӣ. Шунида будам, ки падару модар мири меросанд, аммо фарзанди падар тири алмос будааст”,-навиштааст Сарвиноз дар Инстаграм ва бародарашро ҳамчун ҷавонмарди ширинсухану меҳрубон васф кардааст. Марги бародари овозхон дар ҳолест, ки ӯ чанде қабл модарашро низ аз даст дода буд. Модари Сарвиноз аз соли 2019 ба инҷониб аз бемории саратони рӯдаву ҷигар азият мекашид ва билохира, 15-уми феврали имсол даргузашт...
Ишқи маргбори саг
...Зайнура ба келинашу қудоҳояш он қадар ҳавас дошт, ки ногуфтанӣ, ҳар бегоҳ, ин ҳаққи духтарам гӯён, ба хонаамон хӯрок мефиристод, барои Пахта ҳасибу ҳар гуна хӯрокҳо. Аҳли оилаамон аз амалҳои булаҷаби қудои навашон ҳам механдиданду ҳам меболиданд. Модарам Шоҳписандро таъкид мекард, ки “агар ту маро ҳурмат кунӣ, қадри ҳамин зани сӯхтадилро медонӣ”. Аз хостгорӣ то рӯзи тӯй ду моҳ тӯл кашид, дар ин ду моҳ Зайнура бо Шоҳписанд он қадар дӯст шуданд, ки мондан гиред. Шоҳписанд бо шавҳаршавандааш умуман вонамехӯрду бо Зайнура бошад, ҳама маслиҳатҳояшро мекард...
Дар тобистон малҳам молидан лозим аст ё не?
...Танҳо бонувоне, ки пӯсти равғанин доранд, метавонанд дар тобистон аз истифодаи малҳамҳои ғизобахш худдорӣ намуда, мушкобҳои то 25% спиртдоштаро истифода баранд. Ин маънои онро надорад, ки бонувони пӯсташон равғанин дар тобистон бояд аз истифодаи малҳам пурра худдорӣ намоянд. Ба ин бонувон маслиҳат медиҳем, ки танҳо аз малҳамҳои сабуки зудҷабидашавандае, ки дар рӯй ҷилояшон намемонад, истифода баранд. Чунин ҳам мешавад, ки пӯсти рӯй бо сабаби нодуруст интихоб намудани малҳам арақи зиёд мекунад...
Муқимҷон Абдуфаттоев: Мард бояд “изюминка” дошта бошад
...-Вақте дар саҳна нақшҳои занона меофаред, вокуниши ҳамсаратон чӣ гуна аст?
-Ман нақшҳои занонаро он қадар зиёд наофаридаам. Аввалин нақши занонаи ман дар консерти роҳбари ансамбли “Гулшан” Бахтиёр Иброҳим буд, ки он ҷо нақши Лола Азизоваро бозидам, вале он аз ҷониби оилаи мо хуб қабул карда нашуд. Вале ин ҳаҷв асту саҳна. Ман гоҳҳо барои офаридани нақшҳои занона маҷбур мешавам, зеро баъзан ҳунармандони моро дарди ситора будан фаро мегираду аз иҷрои чунин нақшҳо худдорӣ мекунанд. Дар асл шавқманди офаридани чунин нақшҳо нестам...
Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 29-уми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 28-уми июли соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.
Духтар мезоед ё писар?
Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52
“Маро танҳо нагузор”
Хонандагони азиз, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад. Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.
Оила ва Ислом
Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.
СМС-ҳои ошиқона
Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!