sebiston july new
ХУДОВАНД ПАРВИЗРО БЕ ҶАЗО НАГУЗОШТ!
17.01.2021
Р. Холов
7731

 

Дар деҳа овоза шуд, ки зани Азиз 5 фарзандашро гирифта рафтааст. Нафарони бо ин оила рафтуомаддошта аз ин хабар дар ҳайрат монда буданд. Бисёриҳо мегуфтанд, ки Азиз дар Россия зан гирифт ва занаш инро фаҳмида, қаҳр кард. Дигарон андеша доштанд, ки занро хусуру хушдоманаш азоб медоданд. Агар ба зан зӯр намеомад, аз хона бо панҷ фарзанд баромада намерафт. Азбаски шахсан ин оиларо хуб мешинохтаму бо зани Азиз дугона будам, хеле зиқ шудам, ки чаро Сайрам ақаллан ба ман чизе нагуфт. Медонистам, ки дугонаам ҷои рафтан надорад.

   Илоҷе карда, аз шавҳараш нишонаи Сайрамро гирифта, ба хонааи иҷорааш рафтам, вале дар хона набуд. Панҷ кӯдак ба ман часпида, баробар гиря мекарданд. Халтаҳои пурборро рӯи дастархон гузоштаму бачаҳо дигар маро фаромӯш карда, ба нону печению конфетҳо часпиданд. Маълум буд, ки аз саҳар чизе нахӯрда буданд. Дар ин ҳангом Сайрам аз дар даромад ва маро дидан баробар гарданамро ба оғӯш гирифта, инони гиряро сар дод. Вақте сабаби аз хонаи обод рафтанашро пурсидам, сар ба зер афканда, гуфт:

-Дугонаҷон, ҳамааш айби худам шуд. Ман аз шарму ҳаё аз хонаи ободам баромадам. Хусур ва хушдоманам гуноҳе надоранд. Аз аввал розӣ будам, ки шавҳарам дар Россия бевабозӣ накарда, зан гирад. Падари фарзандонам ба ман ҳар моҳ пули калон мефиристонид. Меҳрубонӣ мекард, фарзандонам гули чизро мехӯрданд. Тавре медонӣ, аз дузандагӣ даромади хуб ба даст меовардам. Ҳафтае як маротиба ба бозор рафта, матоъҳои гуногуни бозоргирро харида, курта дузонида, ба ҳамдеҳагон ва хешу табор мефурӯхтам. Асосан бо пули калон ба бозор мерафтам. Бо даҳ ҳазор сомонӣ ва зиёдтар аз он харид карда, дигар дар хона менишастам. Борро аз як зани хешамон мегирифтам. Ин зан додаре дошт, ки доимо ба ман кумак расонида, борамро бо мошинаш оварда, ба хонаам медод. Маро апа мегуфт ва ман ӯро додар мегуфтам.

Боре ҳамин ҷавон, ки Парвиз ном дошт, ба ман гуфт, ки “апа зодрӯз дораму мехоҳам, ки шумо ба хонаамон омада, дар зодрӯзам иштирок кунед. Хӯрокҳои пӯхтаи шуморо хеле дӯст медорам. Илтимос, барвақт омада, ош пухта, баъдан ба назди фарзандонатон равед”. Парвиз чунон зориву тавалло кард, ки илоҷи “не” гуфтанро наёфтам. Азбаски дар куҷо будани хонаашонро медонистам, дар рӯзи ваъдагӣ ба он ҷо рафтам. Дастархон аллакай оро дода шуда буд. Парвиз аз ман хоҳиш кард, ки аввал як пиёла чой нӯшида, баъдан аз пайи ошпазӣ шавам. Тобистон ҳаво гарм буд. Ба Парвиз гуфтам, ки беҳтараш ба ман шарбат диҳад. Вай аз ҷояш хеста, “Ман ба апаҷонам шарбати беҳтаринро мерам” гуфт. Аз ширинзабониаш хурсанд шудам. Баъди лаҳзае шарбатро оварда, аз он ба косаи майдае рехта, ба ман дод. Дар ҳақиқатан маззаи шарбат дигар буд. Ҳарисона шарбати косаро то ба охир нӯшидам. Парвиз ба ман боз шарбат дароз кард. Ин косаро низ каме нӯшида, дар танам гармиеро эҳсос намудам. Вақте Парвиз ба хонаи дигар рафт, худро болои диван партофтаму дигар чизе дар ёдам нест. Намедонам чанд соат хоб кардам. Чашм кушодам, ки сарам гаранг асту рӯз торик шудааст. Парвиз чашм кушодани маро дида гуфт:

-Апаҷон, ба шумо чӣ шуд, маро тарсонидед. Хайрият чашмонатонро кушодед.

Дар ҷавоб гуфтам, ки “меҳмонҳоят куҷо шуданд?” Хостам аз ҷоям хезам, ки сарам чарх зад. Аъзои баданам дард мекард. Либосҳои тагпӯшам тар буданд. Парвиз гуфт, ки “шумо, ки касал шудед, ман меҳмононамро ҷавоб додам. Апаҷон, биёед, шуморо ба хонаатон бурда монам”. Дастамро гирифта, бо ширинзабонӣ маро ба мошинаш савор кард. Сарам чарх мезаду дилам беҳузур мешуд. Бо азобе ба хона расидам. Хайрият хусуру хушдоманам дар хонаи ҳамсоя буданд. Модарам аз дастам дошта, маро ба хонаи хоб бурд. Рӯйи диван афтодаму боз хоб ғалаба кард. Хусуру хушдомани меҳрубонам хавотир шуда, ба наздам аҳволпурсӣ омаданд. Аҳволи маро дида, хулоса карданд, ки кори зиёду дӯзандагӣ ва шабҳои бехобӣ ба ман зарар кардааст.

Минбаъд кам ба бозор мерафтам. Як рӯз Парвиз ба хабаргириам омада, гуфт, ки матоъҳои навбаромад овардаанду рафта, ҷудо карда гирам. Парвиз чун пештара мулоимгуфтор набуд. Чашмонаш беҷо буданд. Аз нигоҳаш тарсида гуфтам:

   -Парвиз, ба ту чӣ шуд? Хотирпарешон менамоӣ?

ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР БОШЕД!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД